Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти шаҳри Маскав мехоҳанд, барои сокинону меҳмонони ин шаҳр як раҳнамуд таҳия кунанд, ки дар миёни сокинони шаҳр ва хориҷиён вокунишҳои мухталиф ба бор овардааст.

Дар ин шаҳр аз аврупоиҳо гирифта, то шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ миллатҳои гуногун ба сар мебаранд. Муҳоҷирони тоҷик низ аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Бино ба баъзе маълумот, дар ин шаҳр намояндагони тақрибан 100 қавму миллат ба сар мебаранд. Агар касе аз ин муҳоҷирин бо риояти суннатҳои миллиаш либоси миллии худро бипӯшад, ё ба балкон барояду дар кӯраи оташ кабоб пазад ва ҳамзамон ба забони худ таронаи дӯстдоштаашро замзама кунад, дар он сурат, ба эҳтимоли зиёд, ҳамсояи вай ба дод меояд.

Чунин нукоти ғайримуқаррарӣ намунае аз пешнависи Михаил Саломентсев, коршиноси сиёсати миллии шаҳри Маскав аст, ки барои дарҷ дар раҳнамуде барои сокинони шаҳри Маскав зикр шудааст. Вай дар зимн ба хориҷиён машварат медиҳад, ки чӣ тарз онҳо бояд худро бо зиндагии мардуми шаҳр мутобиқ созанд. Дар он сурат шояд шумо андеша кунед, ки дар боғчаи назди хона сари гӯсфандро бибуред, забҳ кунед ё на. Ва мисли он.

Саломентсев мегӯяд, дар "Раҳнамуд барои сокинони Маскав", ки қарор аст дар ояндаи наздик онро мақомоти раҳбарии Маскав муаррифӣ кунанд, қонунҳои нонавиштае дарҷ ёфтааст, ки бояд сокинон онро риоят кунанд. Аммо Светлана Ганушкина, як фаъоли Кумитаи кӯмакҳои иҷтимоӣ, мегӯяд, ин раҳнамуд имконияти дигарест, то муҳоҷирони кишварҳои Шӯравии собиқро саркӯб кунанд:

"Оё ин бад-он маъно нест, ки як фаронсавиро нагузоранд ба забони фаронсавӣ сӯҳбат кунад? Албатта чунин нест. Рӯшан аст, ки қонун бар зидди фаронсавиҳо ё олмониҳо равона нашудааст. Он бар зидди шаҳрвандони собиқи худи мост. Ва ин навъе нажодпарастист. Душвор аст, агар тасаввур кунед, ки замоне моро дар кишваре нахоҳанд гузошт, ки ба забони русӣ сӯҳбат кунем".

Шаҳри 100 қавму миллат

Маскав шаҳрест, ки дар даҳсолаи гузашта шумораи зиёди муҳоҷирони корӣ ба он сарозер шудаанд. Онҳо аслан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мебошанд ва бештар бо корҳои кампул машғуланд, ки онро худи москвичҳо намекунанд. Ҳоло артиши бузурги "дворник"-ҳои Маскав шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказианд. Дар бозорҳо низ бештар шаҳрвандони ҳамин кишварҳо бо тиҷорат машғуланд.

Садҳо бинои наве, ки дар ин шаҳр қомат афрохтаанд, на бо дасти русҳо, балки бо дасти тоҷикону украинҳо ва молдованҳо сохта шудаанд. Онҳо дар шароити душвору хатарзо, вале бо дастмузди ночиз дар ин сохтмонҳо кор кардаанд. Ҳоло вуруди хориҷиён ин шаҳрро, ки дар он намояндагони беш аз 100 қавму миллият ба сар мебаранд, ба шаҳри нодири қавмҳову нажодҳои гуногун табдил додааст.

Бо вуҷуди ин, сокинони бумии ин шаҳр бар зидди ононе, ки нав меоянд нафрату хусумат доранд. Онҳоро бештар бо вожаҳои "приезжие" ё бо вожаи олмонии "гастарбайтер" ёдоварӣ мекунанд. Саломентсев, муаллифи "Раҳнамуд барои сокинони Маскав", қавл додааст, ки қабл аз тасвиби ин раҳнамуд дар он андешаҳои худи муҳоҷирон низ дар назар гирифта мешавад.

Аммо дар мусоҳибаҳо мақомоти расмии Маскав нисбат ба ҳамсояҳои ғайрируси худ чандон хайрхоҳ нестанд ва мегӯянд, ки нисфи ҷурму ҷиноётро сокинони ба истилоҳ "омада" содир мекунанд. Ин нуқтаи назар дар миёни москвичҳо ҷонибдорони зиёд дорад.

Назари сокинони Маскав дар бораи муҳоҷирон

Борис Агарков, сокини 60-солаи Маскав, бекор аст. Вай чунин мегӯяд: "Онҳо пойтахти моро пур кардаанд. Онҳо ба ҷуз аз кӯчарӯбӣ кори дигар карда наметавонанд. Ба онҳо кори дигарро бовар кардан намешавад. Онҳо кори дасти русҳоро гирифтаанд. Ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки гоҳо онҳо ба русҳо ҳамла мекунанд ва онҳоро бе ҳеҷ сабаб мезананд. Ман худам инро дидаам".

Аммо худи муҳоҷирони корӣ ҳадафи ҳамлаву хушунатҳои миллӣ қарор мегиранд. Бегонаситезон дар пойтахт зиёд шудаанд ва он сабаби афзоиши ҳамлаҳои миллатгароёна шудааст, ки ҳар сол танҳо дар Маскав даҳҳо нафар шҳрвандони хориҷӣ кушта мешаванд. Қиём, як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон мегӯяд, се сол пеш ба Маскав омада буд, вале умедвор аст, ки ба ватан бармегардад.

Қиём мегӯяд, ки баъзе сокинони маҳаллӣ бо муҳоҷирони корӣ мушкил надоранд, вале эътироф мекунад, ки таҳдидҳову ҳамлаҳо боқӣ мондаанд. Вай мегӯяд, дар гузаштаи наздик ба як дӯсташ бо корд ҳамла бурдаанд ва вай кушта шудааст:

"Дар ҳамин рӯзҳои гузашта як нафаре кушта шуд, ки ман вайро медонистам. Вай чанд рӯз баъд бояд хона мерафт. Ман намедонам, чӣ касоне вайро куштанд. Вайро баъд аз панҷ рӯз дар бемористон пайдо кардам, дар бемористони Сходненская. Вай 17 рӯз беҳуш дар бемористон хобид, баъд тамом..."

Нигоҳи меҳмонони Маскав ба Раҳнамуд

Касе наметавонад бигӯяд, ки ҳоло дар Маскав чӣ қадр муҳоҷирони корӣ ба сар мебаранд. Соли 2008 шаҳрдорӣ ба 1 миллиону 800 ҳазор хориҷӣ иҷозаи корӣ дод. Соли 2010 ин шумора поин рафт ва ба 500 ҳазор нафар расид. Сабаби он бӯҳрони сартосарии молӣ буд. Вале садҳо ҳазор муҳоҷири кории дигар дар ин шаҳр ғайриқонунӣ кор ва зиндагӣ мекунанд.

Гавҳар Ҷӯраева, ки дар солҳои 1990-ум аз Тоҷикистон чун паноҳҷӯ ба Маскав омадааст, ҳоло ба муҳоҷирони корӣ кӯмак мекунад. Вай мегӯяд, ин пешниҳоди шаҳрдорӣ имкони хубест, ки диалог ё музокира оғоз шавад, музокира дар бораи оддӣ сохтани муносиботи миёни ҷамъиятҳои миллӣ ва аҳолии маҳаллӣ, зеро давлат натавонистааст масъалаи муҳоҷиратро дар ин шаҳр танзим кунад:

"Нохушояндии зисти муҳоҷирон дар маҷмӯъ аз ташдиди вазъи иҷтимоӣ дар Маскав бармеояд, яъне гиру дори зиёд дар метро, роҳҳо, шифохонаҳо. Маълум аст, ки чунин шумораи муҳоҷирон сабаби як навъ дурӣ ҷустани аҳолии маҳаллӣ аз муҳоҷирон мешавад".


Бисёре аз сокинони Маскав пешниҳодҳои худро матрҳ кардаанд, ки сокинон бояд тибқи он зиндагӣ кунанд. Дар он ҳатто баъзе ҷузъиёт низ ҷо дода шудааст, аз қабили ин ки бояд ҳангоми вуруд ба метро ё хуруҷ аз он бояд дар зинаҳои дасти рости эсколатор ҷо бигирӣ. Семички ё офтобпараст нахӯрӣ ва пӯсти онро дар роҳравҳо туф накунӣ. Занонро ба забони хориҷӣ масхара накунӣ. Ин нукот ишора ба хориҷиён аст.

Нигаронии маскавиҳо аз истифодаи забонҳои ғайр

Баъзеи дигар пешниҳод кардаанд, ки мардон набояд дар нақлиёти ҷамъиятӣ пойҳояшонро паҳн карда нишинанд, дар хонаҳояшон мурғ накушанд ва ё дар роҳравҳо аз болои панҷараҳо "мисли буз" напаранд. Дар як назархоҳҳӣ, ки дар он бештар аз 2500 нафар ширкат доштаанд, тақрибан 30 дарсад гуфтаанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҷуз аз забони русӣ сӯҳбат бо забони дигар мамнуъ эълон шавад.

Ба ин пешниҳод сокинони хориҷии Маскав ришханд заданд ва гуфтанд, ки истифодаи доираи васеъи забонҳои хориҷӣ дар Маскав як падидаи камназир дар ҷаҳон аст. Хонум Мишел Берди, воқеанигори нашрияи инглисизабони "Moscow Times" -чопи Маскав аз "Раҳнамуд барои сокинони Маскав" интиқод кард:

"Ин воқеан хандаовар аст, вақте ки онҳо дар бораи мардуме гап мезананд, ки русӣ сӯҳбат мекунанд ва костюмҳои миллӣ мепӯшанд ё ҳама бояд шапкаҳои пӯсти харгӯш пӯшанд. Ман фикр намекунам, ки касе дар кӯчаҳо аз шунидани суханони инглисӣ, тоҷикӣ ё куриёӣ нороҳат шавад".

Чунин баррасиҳо ҳатто то ба калисои Ортодокс расидааст. Всеволод Чаплин аз бахши муносиботи иҷтимоии ин калисо мегӯяд, "ҳар кас бояд бидонад, ки дар куҷо бояд кабоб пазад ва чӣ либосе бипӯшад".

Аммо хонум Мишел Берди мегӯяд, баъзе қоидаҳои нонавишта ҳастанд, ки дар ҷомеа на танҳо шаҳрвандони хориҷии омада ё муҳоҷирин, балки русҳои маҳаллии омада низ бояд онро риоят кунанд. Ба гуфтаи вай, дарсадии қобили мулоҳизаи русҳои маҳаллӣ низ рафтореро доранд, ки аз хориҷиён беҳтар нест, балки бадтар аст.
XS
SM
MD
LG