Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ҷамъиятии мавсум ба «Ғамхорӣ» ва Маркази бӯҳронии занони Қӯрғонтеппа аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ хостаанд, барои таъсиси хонаҳои панаҳбарии занони мавриди хушунату латукӯб қароргирифта мусоидат кунанд.

Манзура Шарифова, сарвари Маркази бӯҳронии бонувони Қӯрғонтеппа, мегӯяд, аз таҷрибаи хонаҳои панаҳбарӣ дар кишварҳои ғарбӣ фаровон истифода мешавад, то ин ки ҳуқуқ ва саломатии занони хушунатдида ҳифз карда шавад. Аммо дар мисоли Тоҷикистон, ки бар асоси гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллии ҷамъиятӣ, хушунати оилавӣ аз мавзӯъҳои доғ ба ҳисоб меравад, ҳамеша ба зарурати таъсиси як чунин паноҳгоҳ барои қурбониёни хушунату зӯроварӣ таъкид мешавад:

«Дар хориҷа дар ҳар як шаҳри хурд 6-8 адад чунин паноҳгоҳҳо вуҷуд доранд, ки ин паноҳгоҳҳо аз тарафи давлат дастгирӣ ва таъмин карда мешаванд. Масалан, вақте ки дар мо низоъҳои оилавӣ барпо мешаванд, аввалан, занон намехоҳанд аз зӯроварӣ нисбат ба худашон ба ҷое шикоят баранд, чун одати мардуми мо ин аст, ки «гапи хонаро ба берун кашидан мумкин нест». Аммо агар ҷанҷолҳо калон шаванд, дар мо ба кумитаи маҳалла муроҷиат мекунанд, ё ба нозирони минтақаӣ. Агар ҳамин хел муроҷиат аз тарафи занони хушунатдида дар хориҷа шавад, нозирони минтақаӣ онҳоро ба паноҳгоҳҳо сафарбар мекунанд, то дар он занон реабилитатсия шаванд, психологҳо бо онон кор кунанд, то онҳо хатар аз зӯроварии бештари шавҳаронашонро эҳсос
Манзура Шарифова, сарвари Макази бӯҳронии Қӯрғонтеппа
накунанд. Бо назардошти ин, хеле орзу дорем, ки дар мо ҳам ҳадди ақалл як чунин паноҳгоҳ таъсис дода мешуд. Ба он хотир ки, масалан, зани тоҷик аксар вақт агар роҳи ҳалли мушкили хонаводаиашро намеёбад, даст ба худкушӣ мезанад, ё худсӯзӣ мекунад ва ё худашо дар об ғарқ мекунад…»


Ин ҳама дар ҳолест, ки масъулони кумитаи занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон дар робита ба масъалаи хонаҳои панаҳбарӣ барои занони хушунатдида аз изҳори назар худдорӣ мекунанд. Аз Қурбонгул Назарова, раиси кумитаи мазкур, пурсидам, ки ҳадди ақалл дар мавриди мавҷудият ё набуди як чунин паноҳгоҳҳо дар қаламрави вилояти Хатлон чӣ иттилое рӯйи даст дорад? Вай гуфт:

«Ман ба ҳамин саволи шумо ҳам ҷавоб дода наметавонам…»

Бо ин ҳама, ҷомеашиносон ва иддае аз занони қурбонии хушунату зӯроварии оилавӣ мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки шумори афзуни занони талоқгирифта ҳамроҳи фарзандон аз манзили шавҳар берун рафта, ҳатто одитарин ҳуқуқашон болои ҳамсари худро талаб карда наметавонанд, таъсиси хонаҳои панаҳбарӣ муҳим аст. Меҳрубон, як зани 32-солаи соҳиби се фарзанд, пас аз тазйиқу зӯроварии пайдарпайи аъзои хонаводаи шавҳараш, аз манзили зисташ ронда шуда, ҳоло дар чорсӯйи зиндагӣ бесарпаноҳ мондааст:

«Мушкили ман аз он чӣ шурӯъ шудааст, ки хусурам қиморбоз буд ва ҳар шом бо мардони зиёде ба хона омада, ҷанҷол мебардошт, ки «ҷоямон танг аст, шумо берун шавед, мо ин ҷо қартабозӣ мекунем» мегуфт. Ҳамин тавр хусурам ва хушдоманам ҳамсарамро маҷбур карданд, ки «занатро сар деҳ, ҷоямон танг аст, як сол рафта дар Русия кор кунӣ, боз як духтари ҷавонро гирифта медиҳем. Аз он ки ба ин хонаву дари нав карда диҳем, як зани дигар гирифта медиҳем», - мегуфтанд. Вагарна, худи ҳамсарам одами хуб аст, лекин аз гапи падару модараш берун намешу два маро зери фишори волидонаш бо кӯдаконам аз хона ронд. Ҳанӯз умед дорам, ки зиндагиам барқарор мешавад, агар не, намедонам бо ин се фарзанд ба куҷо меравам…»

Меҳрубон меафзояд, азбаски никоҳи расмии давлатӣ бо ҳамсараш надорад, ҳоло бо фарзандон бесарпаноҳ монда, аз маркази бӯҳронии занони Қӯрғонтеппа имдод хостааст, то муваққатан ба ӯ ҷойи зист муҳайё намояд.

Карима Раҳимова, сокини деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Вахш мегӯяд, духтари вай низ дар хонаи шавҳараш муддавом мавриди хушунату латукӯб қарор мегирад. Вай меафзояд, ҳоло домодаш аз зану фарзандон даст кашида, онҳоро аз хона берун карда ва низ таъминоташонро ба ӯҳда нагирифтааст:

«Намедонам, ки дигар чӣ кунам?! Ҷамоаташон ҳам рафтам, гуфтанд, ки духтарат ЗАГС надорад, кӯдаконаш ҳам шаҳодатнома надоранд… Ҳамин масъулони ҷамоат ҳам хешони домодам ҳастанд магар, ки ба додамон нарасиданд… Домодам духтарамро, ки ҳомиладор буд, бисёр латукӯб мекард. Худам, ки саломатиам хуб нест, гуфтам, ки як муддат духтарамро ба хонаи худам барам, то тифли батнаш низ носолим ба дунё наояд. Танҳо ба ҳамин сабаб овардамаш, на ба хотири оилаашро вайрон кардан. То ҳамин
Рухшона Шоимова, равоншинос
рӯза ба ягон ҷо муроҷиат накардем, ки боз ягон хато аз мо нагузарад, оилаи ҷавон аст, хайр сари қаҳр омадаст домодам, шояд баъди таваллуди фарзандаш аз фикраш гардаду ба зану фарзандонаш соҳибӣ кунад. Аммо чнд моҳ гузашту наомад ба дидори оилааш. Соли гузашта ҳам 6 моҳ онҳоро оварда дар хонам партофту рафт. Имсол ҳам. Қудоҳо ҳар рӯз мегӯянд, ки омада хонаро холӣ кунед. Ба ман чизу чора не, бахти духтарам, оилаи солими вай лозим аст…»

Дар ҳамин ҳол, Рухшона Шоимова, равоншиноси Созмони ҷамъиятии «Ғамхорӣ», мегӯяд, бисёре аз занони хушунатдида дар ниҳоят бо фарзандон аз манзил маҳрум мешаванд ва дар хонаи волидони худ ҳам ҷойи по пайдо намекунанд. Аммо ба сабаби адами паноҳгоҳҳои махсус ҳам, рӯзгори пурмушкили занони ҷабрдида беҳтар намешавад:

«Бисёр вақт заноне, ки муроҷиат мекунанд ба мо, аз бозашт ба хонаашон метарсанд, мо маҷбур мешавем онҳоро ба хонаҳои худ барем, як муддат саробонӣ кунем. Зеро ҳатто хешовандонашон аз қабули онҳо худдорӣ мекунанд. Бисёр вақт агар зани хушунатдида ё талоқгирифта бо фарзандонаш ба хонаи падару модар баргардад, кӯдакони ӯро қабул намекунанд. Шояд ин ҷо ҳам сатҳи баланди камбизоатӣ пеши роҳа мегирад, хӯрока мумкин намерасад ё ҷойи исқомат. Волидон мегӯянд: «Мо як духтара ба шавҳар додем, танҳо як духтара бозпас мегирем, фарзандони ӯ ба мо зиёдатианд…» Барои ҳамин паноҳгоҳ-хонаҳо барои занҳое, ки ба зӯроварии хонагӣ гирифтор ҳастанд, бисёр шарт ва зарур аст…»

Аммо чаро имрӯз зарурати таъсиси хонаҳои панаҳбарӣ ба миён омадааст ва омилҳои аслии хушунати хонаводаӣ чист?
Мадина Низомова, ҳуқуқшиноси маркази бӯҳронии занон, дар ин иртибот мегӯяд:

«Фоизи калони занҳои мо никоҳи расмӣ ё қонунӣ надоранд, аз ин рӯ, ҳуқуқашон ба моликият пас аз барҳамхӯрии оила, поймол
Мадина Низомова, ҳуқуқдон
мешавад. Дониши пасти ҳуқуқӣ, мушкилоти иқтисодӣ сабаби асосии афзоиши хушунати оилавӣ аст. Дар бисёр маврид мардон ягона таъминкунандаи оилаҳои калон мебошанд…»

Бо ин ҳама бахши аъзами занони тоҷик, бавижа онҳое, ки дар ноҳияҳо ва рустоҳо ба сар мебаранд, ҳамоно мавриди зӯроварию хушунати оилавӣ қарор гирифта, мавориди худкушию худсӯзии онон ҳам зиёд ба мушоҳада мерасад. Коршиносон мегӯянд, як роҳи аслии коҳиши мизони хушунати хонаводагӣ ва дар пайи он худкушии занон, таъсиси паноҳгоҳҳои муваққатӣ ва беҳсозии таъминоти иҷтимоии оилаҳо мебошад.
XS
SM
MD
LG