Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 тундрави исломӣ дар Вазиристони Шимолӣ кушта шуд


Мақомоти амниятии Покистон гуфтаанд, ки як ҳавопаймои бесарнишин дар минтақаи қабиланишини Покистон ба сӯи урдугоҳи тундравҳои исломӣ мушак партоб кардааст. Дар натиҷаи оташи мушак дастикам 4 нафар кушта шудааст. Ин урдугоҳ ё хона дар шаҳраки Вано дар минтақаи Вазиристони Шимолӣ ҷойгир аст. Бино ба хабарҳо, ин хона маркази афроди муттааллиқ ба шабакаи Ал Қоида дар ин минтақа будааст.
XS
SM
MD
LG