Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои аввалин бор аст, ки дар Осиёи Марказӣ як зан - Роза Отунбоева ба мартабаи роҳбари давлат расид. Акнун мардум дар ҷомеъаҳои падарсолори Осиёи Марказӣ чашм ба Қирғизистон дӯхтаанд, ки оё ин зани сиёсатмадор дар мақоми аввали давлатӣ то куҷо муваффақ хоҳад буд?

Дар ҳоле, ки баъзе коршиносони қирғиз умри ҳукумати ӯро кӯтоҳ арзёбӣ мекунанд, занҳои сиёсатмадори минтақа мегӯянд, аз ин ба баъд тавони занҳо дар сиёсат бо бурду бохти Отунбоева чен хоҳад шуд.

Отунбоева - зани меъёр?

Раъно Охунова, роҳбари ташкилоти ғайридавлтии «Зан ва интихобот» дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷомеаи Қирғизистон барои то ба ин сатҳ расидани як зан мусоидат кардааст. Ҳатто равиш, урфу одат, арзишҳои дунявӣ ва суннати мардум ба ин таъсир расонидааст.
Вагарна дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, умуман кишварҳои мусулмоннишин мардум занҳоро дар садри роҳбарии давлат қабул надоранд.

Хонум Охунова меафзояд, ки ҳарчанд, Отунбоева дар як вазъяити ҳасос ва ноором роҳбарии давлатро ба ӯҳда гирифтааст, пирӯзии сиёсати пешгирифтаи вай намунаи бурузи занони Осиёи Марказӣ дар садри давлатдорӣ аст.

Ӯ гуфт: «Фикр мекунам, ки агар вай шикаст хӯрад ҳамчун як шахс шикаст мехӯрад ва ин маънои шикаст хӯрдани занҳо нест. Агар рафту арсаи сиёсати боло мувафақ шавад, шояд муввафақияташ ба занҳои Тоҷикистон таъсир расонад».

Биҳоҷал Раҳимова, роҳбари яке аз созмони иҷтимоӣ дар Суғд мегӯяд, ки Роза Отунбоева дар ҳоле роҳбари ҳукумати мувақатро дар даст дорад, ки кишвар дар авҷи низоҳои қавмӣ қарор дорад ва пайомадҳои нокоми сиёсати Қурмонбек Боқиев миллати қирғизро ба чунин ҳолат овардааст.

Отунбоева пайомади сиёсати нодурусти мардонро мекашад

Бар ҳар сурат, ҳатто дер напоидани шахсияти як зан дар садри роҳбарии ҳукумати Қирғизистон, аллакай муаррифӣ шуд, ки занони Осиёи Марказӣ аз буруз ва ҳузури нерӯ будани худ дарак додаанд ва теъдоди Отунбоеваҳо ҳам зиёд хоҳад шуд, аммо на дар пайи анҷоми инқилобҳо ва эътирозҳо.

Ӯ мегӯяд: «Имруӯз Отунбоева як қаҳрамон аст, чун бори аввал аст, ки дар Осиёи Марказӣ як зан роҳбари давлат аст. Бахсус дар ҳолате , ки вай қарор дорад. Худо кунад, ки ӯ сулҳу субботро ба даст орад ва мардони Осиёи Марказӣ бинанд ва дарк кунанд, занон ҳам аз мардон кам нестанд дар сиёсат. Имрӯз Роза Отунбоева ҳолатеро, ки дар пайи сиёсати мардони президент дар ин кишвар содир шудааст, борашро мекашад. Вай аз ҳоло тамоман роҳу равишаш дигар аст».

Гулҷаҳон Бобосидиқова роҳбари созмони «Занони маълумоти олидор»мегӯяд, ки ба сари қудрат расидани як хонум дар чеҳраи Роза Отунбоева дар Осиёи Марказӣ ҳарчанд, ки ғайриинтизор буд. Ва қадамҳои гузоштаи бадии Отунбоева, ки аввалан ба хотири интихоботи шафоф аз узвияти Ҳизби Сосиал Демократӣ рафт ва аз ҳоло эълон кард, ки дар интихоботи соли 2012 иштирок намекунад, аз намунаҳои дигари бориз ва мусбати занон аст, ки онҳо ба монандаи мардон барои то чанд соли дигар қудратро дар панҷа нигоҳ доштан, талош намекунанд.

Ӯ мегӯяд: «Умуман, занҳо дар роҳбари ҳам ҳамчун модар барои оромӣ ва субботи фарзандону ҷомеа талош мекунанд. Бубинед, Отунбоева аз худ чеҳра намесозад. Ошкор ҳаряф мезанад. Шояд дар атофаш занони дигар сулҳҷӯ ва кордонро гирд оварда ва мувавафақ шавад».

Коршиносон қирғизҳоро нисбати ба миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ бедортар медонанд, ки низомҳои авторитарӣ ва падарсолориро дигар қабул надоранд. Ҳарчанд, зарфият, тавонмандӣ ва шароити зиндагии миллати қирғиз ҳам баробар ба миллати тоҷик аст, аммо онҷо ҷомеаи маданӣ нисбати созмонҳои шаҳрвандии Тоҷикистон фаъол кор мекунанд.

Тоҷикистон дигар аст

Ва имрӯз миллати қирғиз сарнавишти давлатро ба дасти Отунбоева супурд ва ӯро ба сифати раҳбари кишвар эътироф кард. Аммо, ба гуфтаи Бобосидиқова, дар Тоҷикистон вазъ дигар аст.

Парвиз Муллоҷонов таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки ҳоло дар мавриди Роза Отунбоева ҳамчун рамзи муваққияти занони Осиёи Марказӣ дар арсаи сиёсат, чизе гуфтан, барвақт аст.

Зеро ӯ дар ин сатҳ чеҳраи нав аст ва то расидан ба роҳбарии ҳукумати муваққат дар вазифаҳои маъмурӣ ва мансабҳои давлатӣ кор кардааст. Отунбоеваро то ба ҳоло ба сифати пешвои сиёсии як миллат, кишварҳои абадқудрате амсоли Русия ва Амрико напазируфтаанд.

Ва танҳо ҳамчун чеҳраи даври гузариш қабул кардаанд. Шикасти Отунбоева ҳам маънои шикасти занон дар сиёсатро нахоҳад дошт. Ҳарчанд ӯ ҳануз ҳамчун як сиёсатмадори минтақавӣ ном набаровардааст, аммо роҳро барои расидани занони Осиёи Мароказӣ ба мақоми роҳбари давлат боз кард, гуфт таҳлилгар

Оғои Муллоҷонов афзуд: «Ман то ҳоло надидам, ки вайро зани сиёсатмадор ном баранд. Ҳоло вай дар сатҳи 3 ва 4 аст. Барои вай ҳоло вазифаи аввл ин аст, ки ба мардум суббот орад ва пешвоии миллатро ноил гардад. Муҳим он нест, ки зан ва ё мард. Муҳим он аст, ки ба мардум субботи орад ва кишварро аз вартаи бӯҳрон раҳо кунад».

Агар Роза Отунбоева дар ин ҷода шикаст хӯрад, ин шикасти ҳукумати муваққат аст, на шикасти занҳои Осиёи Мароказӣ дар сиёсат. Ва ҷойи таассуф хоҳад буд, агар Қирғизистон ба ҳайси як кишвари мустақил шикаст бихурад, афзул Муллоҷонов .

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG