Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷосусони Русия дар Амрико


Амрико эълон кард, ки 10 ҷосуси Русияро боздошт кардааст. Вазорати адлияи Амрико гуфтааст, ки 8 ҷосуси Хадамоти кашфи хориҷии Русия (СВР) рӯзи якшанбе бо иттиҳоми "иҷрои вазифаҳои махсуси дарозмуддат ва комилан махфӣ аз ҷониби Русия дар Иёлоти Муттаҳида" боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, онҳо талош доштаанд, ки ба доираҳои тасмимгирандаи Амрико ворид шаванд. Ду нафари дигар бо гумони ширкат дар ҳамин барномаи ҷосусии Русия маҳбус гаштанд.

Ҳамаи онҳо расман дар фаъолиятҳои пинҳонкорона ба ҳайси афроди ғайриқонунии Русия дар долхили Иёлоти Муттаҳида муттаҳам мешаванд.

Ричард Мурфӣ, СинтияМурфӣ, Вики Плайз, Хуон Лазар, Ано Чапман, Михаил Семенко, Михаил Затулий, Патриша Милз, Дуна Ҳовард Ҳитфилд, Трейси Ли Он Фулӣ ба ҷосусӣ ба нафъи Русия муттаҳам шудаанд.

Кристуфер Матсус, ки ҳанӯз боздошт нашудааст, нақши робитро мебозидааст ва мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, ҳафтаи гузашта аз Амрико боздид кард.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG