Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико мегӯяд, ҷосусон аз СВР-и Русия будаанд


Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки 10 ҷосуси Русияро боздошт кардааст. Вазорати адлияи Амрико гуфт, 8 афсари Хадамоти иктишофи хориҷии Русия (СРВ - Служба Внешней Разведки) рӯзи якшанбе бо иттиҳоми "иҷрои вазифаҳои махсуси дарозмуддат ва комилан махфӣ аз ҷониби Русия дар Иёлоти Муттаҳида" боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, онҳо талош доштаанд, ки ба доираҳои тасмимгирандаи Амрико ворид шаванд. Ду нафари дигар бо гумони ширкат дар ҳамин барномаи ҷосусии Русия маҳбус гаштанд. Ҳамаи онҳо расман дар фаъолиятҳои пинҳонкорона ба ҳайси афроди ғайриқонунии Федерасюни Русия дар долхили Иёлоти Муттаҳида муттаҳам мешаванд. Нафари ёздаҳум, ки нақши пайвандгарро мебозидааст, дар озодист.
XS
SM
MD
LG