Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони ЕврАзЭС дар Остона баргузор мешавад


Ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узв дар Созмони ҳамкориҳои Авруосиё ё Евразэс рӯзи 5-уми июл дар Остона баргузор мешавад. Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзои ин созмонанд. Қарор аст, дар ҳамоиши Остона мақоми созмон бозингарӣ шавад. Дафъатан пас аз ҳамоиши сарони Созмони ҳамкориҳои Авруосиё нишасти кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ баргузор мешавад. Дар ҳоли ҳозир Русия, Беларус ва Қазоқистон аъзои ин иттиҳоданд, аммо кишварҳои дигарро таҳти шароити муайян ба узвият дар ин иттиҳод даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG