Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки-мун ба эҳёи гуфтушунид бо Эрон даъват кард


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун гуфт, ҳатто пас аз тасвиби тарҳимҳои нави зидди Эрон низ вай аз ҳалли қазия дар гуфтушунид пуштибонӣ мекунад.

"Бо вуҷуди он ки Шӯрои Амният таҳримҳои дигареро ҷорӣ кард, дари гуфтугӯ ҳамоно боз аст. Ман бори дигар бо раёсати Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо сӯҳбат ва онҳоро ба идомаи гуфтушунид дар ҳайати Аврупо 3 ҷамъи 3 водор кардам ва ҳамин гуна даъватро аз сарони ҷаҳон ва тарафҳои зидахл идома хоҳам дод, ки бо гуфтушунид оқибат ба ҳалли мушкил расанд."


Қудратҳои ғарбӣ шубҳа доранд, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эрон барои сохтани силоҳи атомист, вале Теҳрон ин иттиҳомотро батакрор рад карда, гуфтааст, барномаҳои он танҳо ҳадафи осоишта доранд.
XS
SM
MD
LG