Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии вазъи муҳоҷирон дар гуфтушуниди Русия ва Тоҷикистон


Дар нишасти кумисюни дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар шаҳри Сочӣ масъалаҳои қонунӣ кардани муҳоҷирони тоҷик ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳо баррасӣ шуд. Аз якуми июл дар Русия қоидаҳои нави иқомати муҳоҷирон эътибор пайдо мекунанд ва тарафи Русия мегӯяд, ҳоло дар Русия наздик ба севуним миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд ва кору иқомати бахши аъзами онҳо ғайри қонунист. Анатолий Кузнетсов, ноиби мудири Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, қонуни нав роҳро ба легализатсияи ин муҳоҷирон боз мекунад. Раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ин гуфтушунид, сардори хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Сафиалло Девонаев, гуфтааст, қонуни нав вуруди соҳибкорон ва мутахассисони дорои маълумоти олиро ба Русия осонтар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG