Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи Донишгоҳи Назарбоев дар Остона


Дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон донишгоҳи наве ифтитоҳ шуд, ки номи раисиҷумҳури ин кишвар Нурсултон Назарбоевро дорад. Худи ӯ дар расми ифтитоҳ гуфт, ин донишгоҳ як намунаи миллии таҳсили олӣ дар Қазоқистон хоҳад шуд, ки беҳтарин дастовардҳои таълими ин кишвар ва давлатҳои ғарбро бо ҳам пайванд хоҳад дод. Вай афзуд, донишгоҳ на танҳо маркази таҳсил, балки як фарҳангистони пажӯҳишҳои илмӣ хоҳад буд. Сарвазири Қазоқистон, Карим Масимов дар расми оғози кори Донишгоҳи Назарбоев гуфт, кившараш барои ҳамкории ин марказ бо беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Қарор аст, дар ин донишгоҳ 20 ҳазор нафар таҳсил кунанд. Тамоми хароҷоти 500 донишҷӯи беҳтарини онро президент Назарбоев хоҳад пардохт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG