Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоишҳои байнулмилалӣ аз рефрендуми Қирғизистон


Иёлоти Муттаҳида, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз Қирғизистон барои доир кардани ҳамапурсии осоишта дар мавриди ислоҳот дар Қонуни асосии кишвар ситоиш намуданд.
Филип Кровлӣ, сухангӯи Кохи сафед гуфт, ки Амрико умедвор аст назарпурсии умумии рӯзи 27-уми июн гоми нахустин дар самти истиқрори сулҳ ва субот дар Қирғизистон аст баъд аз ҳодисаҳои хушунатомези чанд моҳи охир. Истиқболи Русия аз натиҷаҳои рефрендуми Қирғизистон мӯҳтотона буда, президент Медведев аз дурнамои вазъ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG