Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА мегӯяд, 10 ҷосуси Русияро боздошт кардааст


Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки 10 нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Русия боздошт кардааст. Вазорати адлияи Амрико гуфт, 8 афсари хадамоти иктишофии Русия рӯзи якашанбе бо иттиҳоми "иҷрои вазифаҳои махсуси дарозмуддат ва комилан махфӣ аз ҷониби Русия дар Иёлоти Муттаҳида" боздошт шудаанд. Ду нафари дигар бо гумони ширкат дар ҳамин барномаи ҷосусии Русия маҳбус гаштанд. Ҳамаи онҳо расман дар фаъолиятҳои пинҳонкорона ба ҳайси афроди ғайриқонунии Федерасюни Русия дар долхили Иёлоти Муттаҳида муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG