Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми ҷаҳон-2010: Ҳоланд аз болои Словакия пирӯз шуд


Дар чаҳорчӯби бозиҳои ҳаштякфиналии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки дар Африқои ҷанубӣ ҷараён дорад, дастаи Ҳоланд аз болои дастаи Словакия бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд ва ба сафи ҳашт дастаи беҳтарине пайваст, ки сабқатро барои унвони қаҳрамони ҷаҳон идома медиҳанд. Имрӯз ҳамчунин дастаҳои Бразилия ва Чилӣ бо ҳам бозӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем то имрӯз дастаҳои Уругвай, Гана, Олмон ва Аргентина ба бозиҳои чаҳорякфиналӣ роҳ ёфта буданд.
XS
SM
MD
LG