Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Рӯзи хашм" боиси хашми шаҳрдории Маскав гардид


Кормандони милисаи Маскав ҳамоиши “Рӯзи хашм” дар маркази шаҳрро пароканда карданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, онҳо ширкатдорони ҳамоишро лату кӯб карда даҳҳо нафар, аз ҷумла, ҳамоҳангсози “Ҷабҳаи чапгаро” Сергей Удалсов ва раҳбари ҳаракати “Барои ҳуқуқи башар” Лев Пономарёвро боздошт карданд.
Ширкатдорони ҳамоиш, бо вуҷуди мухолифати шаҳрдорӣ, шоми имрӯз дар назди муҷассамаи Юрий Долгорукиӣ, дар рӯ ба рӯии шаҳрдории Маскав, ҷамъ омаданд. Онҳо хостори истеъфои фаврии мири Маскав Юрий Лужков, парокандасозии Думаи пойтахт, эҳёи интихоботи мустақими раҳбарони манотиқи Русия ва густариши ваколатҳои органҳои худидораи маҳаллӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG