Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Бисмиллоҳ вазири дохилии Афғонистон таъин шуд


Парлумони Афғонистон генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадиро дар мақоми вазири умури дохилаи кишвар пазируфт. Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ соли 2001 яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи шимол буд ва дар саркӯбсозии “Толибон” саҳм дорад. Ӯ дар мақоми вазири умури дохилӣ Муҳаммад Ҳаниф Отмарро иваз кард, ки авоили моҳ, баъди мушакандозӣ сӯи Ҷиргаи сулҳ дар Кобул, ба истеъфо рафт. Парлумон ҳамчунин волии пешини Қандаҳор Асадулло Холидро дар мақоми вазири масоили марз ва умури қабоил тасдиқ кард.
Ду номзади дигари ба ҳукумат пешниҳоднамудаи Ҳомид Карзайро вакилон рад карданд.
XS
SM
MD
LG