Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати чаҳор сарбози покистонӣ дар Баҷаур


Чаҳор сарбози покистонии ба муҳосираи толибон афтода кушта шуданд. Ин ҳодиса дар минтақаи Баҷаур, воқеъ дар марз бо Афғонистон, рӯх дод. Муҳаммад Ҷамил, раиси маъмурияти маҳаллӣ, хабар дод, ки афроди мусаллаҳ ба низомиён дар шаҳраки марзии Харакӣ, воқеъ дар 25 километрии маркази минтақа – шаҳри Хар, ҳамла кардаанд. Тибқи хабарҳо, дар ин задухӯрд ҳамчунин се мусаллаҳи мухолифи ҳукумат кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG