Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА иштибоҳҳои доваронро нодида гирифт


Федератсиюни байнулмилалии футбол – ФИФА ду иштибоҳи қабеҳи доварон дар бозиҳои ҳаштякфиналиро нодида гирифт. Сухангӯи ФИФА Николас Майнгот гуфт, ки ӯ имкони ташреҳи тасмимҳои доваронро надорад. Дар бозии миёни Ангия ва Олмон баъд аз зарбаи Франк Лампард тӯб аз болочӯб ба дарвоза ворид шуд ва аммо довар онро ҳисоб накард. Коршиносон мегӯянд, ки дар сурати ҳисоб кардани гол ҳисоб 2 бар 2 мешуд ва шояд ҷараёни бозӣ комилан тағйир меёфт. Дар сабқати миёни дастаҳои Аргентина ва Мексика ҳам тӯби аввал ба дарвозаи Мексика аз ҳолати офсайд ворид шуд ва аммо довар онро ҳисоб кард. Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбе дастаи Олмон аз болои Англия бо ҳисоби 4 бар 1 ва Аргентина аз болои Мексика бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуданд.
Аз ин пеш раиси ФИФА Ҷозеф Блаттер гуфта буд, ки иштибоҳҳо – як бахши бозиянд.
Имрӯз дар чаҳорчӯби бозиҳои ҳаштякфиналии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки дар Африқои ҷанубӣ ҷараён дорад, дастаҳои Ҳоланд ва Словакия ва Бразилия ва Чилӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Ёдовар мешавем то имрӯз дастаҳои Уругвай, Гана, Олмон ва Аргентина ба бозиҳои чаҳорякфиналӣ роҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG