Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди ниқобпӯш бошгоҳеро дар Ғазза оташ заданд


Намояндагони СММ изҳор намуданд, ки афроди ношинос бошгоҳи тобистона барои кӯдакони паноҳандагони фаластинӣ дар навори Ғаззаро ба оташ кашиданд. Ба иттилоъи Аднон Абу-Ҳасна, сухангӯи дафтари СММ оид ба кӯмак ба паноҳандагон, чанд мусаллаҳи ниқобпӯш дасту пойи муҳофизи бошгоҳро баста, хаймаҳоро оташ заданд. Ин лаҳзаҳо дар бошгоҳ дигар нафаре набуд ва аз ин рӯ ба касе осеб нарасидааст.
Ин дуввумин ҳамла ба бошгоҳи кӯдакона дар навори Ғазза дар моҳи равон аст. Масъулияти ин амалро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG