Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев дурнамои Қирғизистонро намебинад


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар бораи низоми нави порулмонӣ дар Қирғизистон, вокуниш нишон дод ва гуфт, ки ояндаи низоми порлумонӣ дар Қирғизистонро рӯшан тасаввур намекунад.

Ҳоло баъд аз баргузории раъйпурсӣ барои Қонуни асосии нави Қирғизистон дар ин кишвар бояд тибқи ин қонун низоми нави идораи порламонӣ ҷорӣ шавад. Ӯ дар мулоқоти раҳбарони 20 кишвари санъатии ҷаҳон дар Торонто зимни суханонаш дар як нишасти хабарӣ ба Қирғизистон ҳушдор дод ва гуфт:

"Ман хуб тасаввур намекунам, ки низоми идораи порламонӣ дар Қирғизистон чӣ тарз кор хоҳад кард. Оё он ба марҳалаи душвориҳои беохир, тарафкашиҳо дар порлмон табдил нахоҳад ёфт? Ба сари қудрат ин ё он нерӯи сиёсӣ нахоҳад омад? Бидуни контрол салоҳият аз як даст ба дасти дигар нахоҳад гузашт? Ва саранҷом ин заминаро барои ба қудрат расидани нируҳое фароҳам нахоҳад ард, ки самтгирии тундгароёна доранд?”

Медведев дар идомаи суханонаш гуфт, ки ин масъалаҳо ӯро нигарон сохтааст.

Суханони Медведев замоне садо дод, ки Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон гуфт, раъйпурсӣ барои Қонуни Асосии нав Қирғизистонро вориди маҷрои демократӣ мекунад.

"Қирғизистон дар таъмини субот мушкил мекашад"

Баъд аз инқилоби моҳи апрел ҳукумати муваққатии Қирғизистон аз ҳимояти устувори Маскав бархурдор буд. Бо вуҷуди ин, Медведев ҳангоми суханрониаш баъд аз мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи Ҷӣ-20 ё 20 кишвари санъатии ҷаҳон дар Торонто гуфт, албатта Қирғизистон худаш бояд низоми сиёсии худро интихоб кунад.

Аммо ҳушдор дод, ки мақомоти Бишкек наметавонанд оромиро дар кишвар таъмин кунанд, кишваре, ки мизбонии пойгоҳи низомии Амрико ва Русияро дар қаламрави худ бар ӯҳда дорад.

Оқои Медведев гуфт, дар шароити кунунӣ Қирғизистон ба масъалаҳои зиёд рӯ ба рӯст ва яке аз онҳо масъалаи ноҳинҷор, яъне суқути давлати ин кишвар аст.

Қирғизистон бояд раҳбарияти қаввӣ созмонёфта дошта бошад

Созмонҳои байналмиллалии нозир бар ин райпурсӣ низ вокуниши худро изҳор доштаанд. САҲА гуфт, ҷараёни ин райпурсӣ шаффоф будааст. Бо вуҷуди ин, дар ҷануби кишвар фазои тарсу ҳарос боқӣ мондаст ва баъзе райдиҳандагон аз тарс аз хонаҳояшон набаромадаанд ва дар райпурсӣ ширкат накардаанд.

Бо назардошти чунин вазъ Борис Фрлес, раҳбари нозирони САҲА дар раъйпурсии Қирғизистон чунин мегӯяд:

"Бо назардошти вазъи фавқулодда мушкили баргузории раъйпурсӣ баъд аз чанд ҳафтаи нооромиҳо дар Ӯшу Ҷалолобод ҳукумати муваққатӣ ва соири мақомот бояд тааҳҳуд супоранд, ки раванди сулҳомезро таъмин мекунанд. Тибқи Қонуни асосии нав низоми идораи порламонӣ салоҳияти раиси ҷумҳурро дар Қирғизистон маҳдуд мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишварҳои минтақа режимҳои худкомаи раёсати ҷумҳурӣ сари коранд. Ин ҷумҳуриҳо низ ҳимояти худро аз натиҷаҳои райпурсии 27-ӯми июни Қирғизистон изҳор доштанд".
XS
SM
MD
LG