Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чин дасти кам сад нафар беному нишон шудаанд


Дар манотиқи ҷанубу ғарби Чин бар асари селу обхезӣ дасти кам 100 нафар беному нишон ғайб задаанд. Ба иттилоъи расонаҳои чиноӣ, обхезиву сел дар вилояти Гуйчжоу дар моҳи равон боиси ҳалокати беш аз 230 нафар шудааст. Беш аз 2 миллион нафар сокинони минтақаҳои осебзада ба мавзеъҳои амнтар интиқол дода шуданд. Дар амалиёти наҷот ва таъмини тартибот 15 ҳазор низомиён ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG