Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян талоши афзоиши силоҳи ҳастаиро дорад


Кореяи Шимолӣ изҳор намуд, ки мехоҳад бо истифода аз фановариҳои ҷадид теъдоди силоҳи ҳастаии худро афзоиш диҳад. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Кореяи Шимолӣ гуфта шудааст, ки ин тасмим бо "сиёсати таҷовузкоронаи Амрико" ва "таҳдиди низомӣ аз сӯи Вошингтон" бастагӣ дорад.
Вазъ дар нимҷазираи Корея моҳи март, баъд аз ғарқ шудани киштии низомии Кореяи Ҷанубӣ, ноором шуд. Тафтишот собит кард, ки ин киштӣ ҳадафи ҳамлаи торпедои Кореяи Шимолӣ қарор гирифтаст. Барак Обама, раисиҷумҳури Амркио, ахиран дар нишасти сарони 20 кишвари пешарфтаи олам дар Торонто изҳор намуд, ки Пхенян барои ин амалаш муҷозот шавад. Кореяи Шимолӣ даст доштанаш дар ҳалокати киштии низомии Кореяи ҷанубиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG