Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад ва таҷлили Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон нақл мекунем.

Бузургтарин мусобиқоти дунё, марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, то 11-уми июл идома хоҳад кард. Алъон чаҳор дастаи миллӣ - Уругвай, Гана, Олмон ва Аргентина ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтаанд. Чаҳор дастаи дигари ширкаткунандаи бозиҳои чаҳорякниҳоӣ дар бозиҳои 1/8 ниҳоӣ рӯзҳои 28-ум ва 29-уми июн муайян хоҳанд шуд. Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ рӯзҳои 2-юму 3-юми июл барпо мегарданд.

Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 6-уму 7-уми июл доир мешаванд. Ду дастае, ки дар бозиҳои ниманиҳоӣ шикаст мехӯранд, рӯзи 10-уми июл бо ҳам барои дарёфти ҷои севум ва медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ, ки дар шаҳри Йоханнесбург, дар варзишгоҳи Soccer City Stadium, барпо мегардад, муайян хоҳад шуд.

Футболбозони тоҷик дар баробари ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ба бозиҳои марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол мароқ зоҳир мекунанд. Мусоҳиби ман Шӯҳрат Ҷабборов, ҳамлагари дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, аз ҷумлаи онҳост.

Дар ҳоле ки таваҷҷӯҳи мухлисони футбол дар саросари ҷаҳон ба сӯи Африқои Ҷанубӣ равона шудааст, дар Тоҷикистон сабқати Лигаи олии кишвар ҷараён дорад. Дар ин бора мусоҳибаи мо бо Уроз Турақулов, сармураббии дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Ҳамчунин дар ин барнома дар бораи таҷлили Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳем.

Рӯзи таъсисёбии Кумитаи байналмилалии олимпӣ - 23-юми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи олимпӣ таҷлил шуд. Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон барои бори дуввум ҳамчун иди варзиши оммавӣ таҳти шиори «Варзиш, фарҳанг, маориф ҳамқадаманд» таҷлил гардид.

Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: «Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон бо баргузории бозиҳои варзишӣ миёни мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳо оғоз ёфт. 23-юми июн дар тамоми манотиқи кишвар чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ баргузор шуданд. Маркази ин чорабиниҳо пойтахти кишвар буд. Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Душанбе пойгаи давандаҳо ба масофаҳои мухталиф бо ширкати кӯдакону наврасон, ҷавонону бузургсолон доир гардид. Воқеъан, аввалин чорабинии бузурги имсола – Рӯзи дави миллӣ низ ба ин сана бахшида шуда буд ва дар пойгаи давандаҳо дар сартосари ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар афроди касбу кор ва синнашон мухталиф ширкат карда буданд. Инчунин дар шаҳру навоҳии кишвар мусобиқот дар риштаҳои олимпӣ баргузор шуд. Чунончи, дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзю-до байни наврасон барои «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» дар толори нави варзишии «Вастан», ки дар Рӯзи олимпӣ ба истифода дода шуд, доир гашт».

Анвар Бобоҷонов афзуд, дар доираи чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ, инчунин, пойгаи велосипедронӣ бо масири Душанбе – Қаратоғ ва Исфара - Чкалов баргузор шуд. Аъзои бошгоҳи дави «Ағба» бошанд, аз шаҳри Турсунзода то истироҳатгоҳи «Қаратоғ» давиданд.

Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон ҳамасола 23-юми июн таҷлил гардида, барои дар амал ҷорӣ шудани идеяи олимпизм ва рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG