Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи тасарруф аз сӯи Шӯравӣ" дар Молдавия


Имрӯз дар Молдавия “Рӯзи тасарруф аз сӯи Шӯравӣ” эълон шудааст. Дар сартосари кишвар парчамҳои давлатӣ пойин карда шудаанд ва маросимҳои мотам доир мешаванд. Амр дар бораи ҳамасола 28 июн қайд кардани “Рӯзи тасарруф аз сӯи шӯравӣ” ҳафтаи гузашта аз сӯи кафили раисиҷумҳури Молдавия Михай Гимпу имзо шуд. 28 июни соли 1940 артиши шӯравӣ ба Бессарабия, ки бахши аъзами қаламрави Молдавияи феълиро ташкил медиҳад, ворид шуда, онро таҳти тасарруси худ қарор дода буд.
Бархе аз раҳбарони Эътилофи ҳукмрони барои ҳамоиш бо Аврупо талоши лағви ин амрро карданд ва аммо Михай Гимпу эълом дошт, ки тасмимашро тағйир нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG