Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ҳарими ҳавоии худро барои Исроил баст


Туркия ҳарими ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои исроилӣ баст. Сарвазири кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор намуд, ки ин тасмим бо ҳамлаи тақрибан як моҳи пеши низомиёни исроилӣ ба киштии ҳомили кумаки башарӣ барои навори Ғазза бастагӣ дорад. 31 май корвони киштиҳо талош кард, ки муҳосираи дарёии Ғаза аз сӯи Исроилро шиканад ва аммо низомиёни исроилӣ ба ин монеъ шуданд. Дар бархурди болои киштӣ 9 ҳомии ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин кушта шуданд, ки 8 нафари онҳо шаҳрвандони Туркия буданд. Ин ҳодиса боиси бӯҳрони ҷиддӣ дар равобити миёни Туркия ва Исроил гардид.
Расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки аз ин пеш Туркия, бидуни ҳушдори пешакӣ, ба парвози ҳавопаймо бо низомиёни Исроил иҷоза надод. Ҳавопаймо аз Тел-Авив сӯи Варшава парвоз мекард.
XS
SM
MD
LG