Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петр Нечас сарвазири нави Чехия таъин шуд


Ватслав Клаус, раисиҷумҳури Ҷумҳурии Чех, раҳбари ҳизби ростгарои Шаҳрвандӣ-демократӣ Петр Нечасро сарвазири нави кишвар таъин кард. Қарор аст се ҳизби ростгаро, ки дар интихоботи парлумонии як моҳ пеш бештари раъйҳоро соҳиб шудаанд, ҳукумати эътилофӣ таъсис хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки ҳукумати нав асосан рӯи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба хотири коҳиши касри буҷа ва мубориза бо фасод тамаркуз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG