Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА аз натоиҷи раъйпурсӣ хуш истиқбол кард


Нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҷараён ва натоиҷи раъйпурсӣ оид ба Қонуни асосии таҳрирхӯрда дар Қирғизистонро мусбат арзёбӣ карданд. Борис Фрлетс, раиси ҳайати маҳдуди нозирони ин созмон, изҳор намуд, ки бо вуҷуди вазъи сангини кишвар ҳукумати муваққат барои баргузории раъйпурсии ором ҳама шароитро муҳайё сохт ва ин сазовори ситоиш аст. Ӯ имрӯз ба хабарнигорон дар Бишкек гуфт, ки нозирони САҲА чанд норасоии ҷиддиро низ ошкор карданд, ки онҳоро дар ҷараёни омодагиҳо ба интихоботи парлумонӣ бояд ислоҳ кард. Ба иттилоъи Комиссиюни Марказии интихоботии Қирғизистон, 91 дар сади шаҳрвандони соҳиби ҳаққи раъй аз Қонуни асосии нав пуштибонӣ кардаанд. 8 дар сад онро рад намудаанд. 70 дар сади шаҳрвандони соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои раъдиҳӣ омадаанд. Мухолифини қирғиз натоиҷи эълонкардаи Комиссиюни марказии интихоботро зери суол бурданд.
Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, шоми дирӯз баъд аз баста шудани қитъаҳои интихоботӣ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек гуфт, ки "ҳукумат то таъсиси ҳукумати нав масъулияти комилро бар пояи Қонуни асосӣ, бар пояи қавонин барои амалҳои худ бар ӯҳда хоҳад дошт".
Қирғизистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки, бар пояи Қонуни асосии нав, аз низоми президентӣ ба низоми парлумонӣ мегузарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG