Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» - пешсафони сабқати Лигаи олӣ


Рӯзҳои истироҳат ду бозии даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд, ки бо пирӯзии мизбонон – футболбозони дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Истиқлол»-и Душанбе ба анҷом расид.

Рӯзҳои истироҳат ду бозии даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд, ки бо пирӯзии мизбонон – футболбозони дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Истиқлол»-и Душанбе ба анҷом расид.

Рӯзи 26-уми июн дар Варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дастаи мизбон – «Хайр» бар тими ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Ҳамаи голҳо дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Се голи мизбононро Олим Зарифов (дақиқаи 10-ум), Обидҷон Исмоилов (12) ва Мирзобек Мирзоев (32) ба самар расонданд. Ду голи ССКА «Помир»-ро Ҷонибек Ғаффоров (19) ва Далер Раҷабов (29) вориди дарвоза карданд.

Рӯзи 27-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаҳои «Истиқлол» ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа қувва озмуданд. Ин бозӣ низ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Ду голи «Истиқлол»-ро Юсуф Рабиев, капитани даста, дар дақиқаҳои 28-ум ва 71-ум ба ҳадаф расонд. Воқеъан, Рабиев бо 12 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ба ҷои аввал баромад. Як голи дигари «Истиқлол» ба Фирдавс Қурбонов (дақиқаи 22-юм) мутааллиқ аст. Голҳои «Вахш»-ро Рустам Усмонов (42) ва Рустам Хоҷаев (57) ба самар расонданд.

Ба иллати ширкати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои санҷишӣ дар Чин рӯзҳои 26-ум ва 30-юми июн, инчунин, бозии дӯстонаи «Истиқлол» бо тими «Хассен Кассел»-и Олмон 3-юми июл дар Душанбе, Федеросиюни футболи Тоҷикистон мӯҳлати баргузории 11 бозии сабқати лигаи олиро тағйир дод. Чунончи, ду бозии дигари даври 13-ум байни дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода - «Энергетик»-и Душанбе ба 7-уми июл ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ба рӯзи 21-юми июл гузаронида шудааст.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Регар» ТадАЗ, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 28 имтиёз пешсаф мебошад. Тими «Истиқлол» низ 28 имтиёз ба даст овардааст, вале бо дарназардошти шумораи ғалаба ва таносуби тӯбҳо дар ҷои дуввум қарор дорад. Дастаи «Вахш» бо 21 имтиёз дар ҷои саввум аст.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» то ҳоло ягон бозиро бой надодаанд, вале «Равшан» ягона дастаест, ки ҳанӯз шаҳди ғалабаро начашидааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 4-уми июл

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ (Турсунзода)

10

9

1

0

35-4

28

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

12

8

4

0

27-8

28

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

12

6

3

3

16-12

21

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

12

6

2

4

20-17

20

5.

«Энергетик» (Душанбе)

11

4

2

5

14-16

14

6.

ССКА«Помир» (Душанбе)

11

2

4

5

11-19

10

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

11

2

2

7

13-22

8

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

1

4

5

12-21

7

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

11

0

2

9

6-34

2


Бозиҳои навбатӣ:
4-уми июл (якшанбе)
«Энергетик» - «Хуҷанд»
ССКА «Помир» - «Вахш»
»Равшан» - «Хайр»
XS
SM
MD
LG