Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Чаҳор даста – дар 1/4 финал


Чаҳор дастаи миллӣ - Уругвай, Гана, Олмон ва Аргентина ба даври чаҳорякниҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Чаҳор дастаи дигари ширкаткунандаи бозиҳои чаҳорякниҳоӣ дар бозиҳои 1/8 ниҳоӣ рӯзҳои 28-ум ва 29-уми июн муайян хоҳанд шуд. Вале тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Инглистон ва Мексика аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Натоиҷи чаҳор бозии 1/8 ниҳоӣ чунин аст:

26-уми июн. Порт-Элизабет. Варзишгоҳи “Нелсон Мандела Бей”. Уругвай – Кореяи Ҷанубӣ - 2:1 (1:0). Голҳо: Л. Суарес, дақиқаҳои 8-ум ва 80-ум (Уругвай), Ли Чун Юн (дақиқаи 68-ум, Кореяи Ҷанубӣ).

26-уми июн. Рюстенбург. Варзишгоҳи “Роял Бафогенг”. ИМА - Гана - 1:2 (0:1, 1:1, 1:2) Голҳо: К. Боатенг, дақиқаи 5-ум, А. Гаян, дақиқаи 93-юм (Гана), Л. Донован (дақиқаи 62-юм, пенолти, ИМА).

27-уми июн. Блумфонтейн. Варзишгоҳи “Фри Стейт”. Олмон - Инглистон - 4:1 (2:0). Голҳо: М. Клозе, дақиқаи 20-ум, Л. Подолски, дақиқаи 32-юм, Т. Мюллер, дақиқаҳои 68-ум ва 70-ум (Олмон), М. Апсон (дақиқаи 37-ум, Инглистон).

27-уми июн. Йоханнесбург. Варзишгоҳи “Соккер Сити”. Аргентина - Мексика - 3:1 (2:0). Голҳо: К. Товес, дақиқаҳои 26-ум, 52-юм, Г. Игуаин, дақиқаи 33-юм, Аргентина), Х. Эрнандес (дақиқаи 71-ум, Мексика).

Ба ин тартиб дар ду бозии муайяншудаи чаҳорякниҳоӣ рӯзи 2-юми июл Уругвай – Гана (соати 23.30 бо вақти Душанбе) ва 3-юми июл Аргентина - Олмон (соати 19.00) рақобат хоҳанд кард.

Дар даври 1/8 ниҳоӣ боз чор бозии дигар баргузор мешавад:

28-уми июн: Ҳолланд – Словакия, 19.00
Бразил – Чили, 23.30
29-уми июн: Парагвай – Ҷопон, 19.00
Испониё – Португол, 23.30

Боз чаҳор дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ, ки рӯзҳои 2-юму 3-юми июл баргузор мешавад, роҳхат мегирад. Сипас рӯзҳои 6-уму 7-уми июл бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд. Бозӣ барои ҷои 3-юм 10-уми июл барпо мегардад.

Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.
XS
SM
MD
LG