Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон созишномаи ҳавонавардӣ бо Тоҷикистонро бекор кард


Узбакистон созишномаҳои марбут ба парвози ҳавопаймоҳо аз фарози қаламрави худро, ки дар соли 1993 бо Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расонда буд, бознигарӣ мекунад. Нашрияҳои давлатии Узбакистон дар ин бора хабар дода, навиштаанд, ки тарҳи созишномаҳои нав омода шуда, аз ҷумла чуни тарҳ ба Қирғизистон фиристода шудааст. Дар бораи тарҳи қарордод бо Тоҷикистон гуфта мешавад, он дар ҳоли омода шудан аст, аммо қарордоди дуҷонибаи соли 1993 сар аз 26-уми июни соли 2010 беэътибор эълон шудааст. Дар бораи дигаргуниҳо дар сиёсати ҳавонавардӣ дар қаламрави Узбакистон иттилоъ дода нашудааст. Танҳо зикр гаштааст, ки ҳар давлат аз ҳаққи комил ва истисноӣ ба ҳарими ҳавоии худ бархӯрдор аст.
XS
SM
MD
LG