Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти сарони Бистгона дар Торонто


Сарони 20 кишвар дар Торонтои Канада гуфтугӯро дар бораи роҳҳои ба эътидол овардани иқтисоди ҷаҳон хотима доданд. Сарвазири Олмон Ангела Мепркел гуфт, сарони бистгона ба созиш расиданд, ки касри буҷаи кишварҳои худро то соли 2013 50 дарсад камтар кунанд. Сарони бистгона ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳо хостаанд, ба хотири дарёфти тавозун дар тиҷорати ҷаҳонӣ бояд қурби пули миллии худро озод кунанд. Меркел изҳор дошт, ширкаткунандагони ҳамоиш ваъда додаанд, қарзи давлатии худро то соли 2016 ба сатҳи муносиб поён оваранд.
XS
SM
MD
LG