Пайвандҳои дастрасӣ

Отунбоева мегӯяд, сарқонуни нав ба тасвиб расид


Раҳбари муваққати Қирғизистон гуфт, интихобкунандагон қонуни асосии нави ин кишварро тасдиқ кардаанд. Роза Отунбоева пас аз поёни кори ҳавзаҳои раъйдиҳӣ гуфт, мардум тасмим гирифт, кишварро аз гузаштаи яккараҳбарии худкома раҳо кунад. Натиҷаҳои ибтидоии назархоҳии умумӣ дар ними ҳавзаҳо нишон додаанд, ки наздик ба 90 дарсади раъйдодагон аз тарҳи нави қонуни асосӣ ҳимоят кардаанд. Гуфта мешавад, қариб 70 дарсади соҳибони ҳаққи раъй дар назархоҳӣ ширкат кардаанд. Референдуми қонуни асосӣ пас аз хушунатҳои байниқавмие ҷараён ёфт, ки дар натиҷаи онҳо ба камияш 275 нафар кушта ва 400 000 тан фирорӣ шуданд. Ҳукумати Отунбоева пас аз як ошӯб ва сарнагунии президенти собиқ Қурманбек Боқиев ба сари кор омад.
XS
SM
MD
LG