Пайвандҳои дастрасӣ

Пулис дар Торонто садҳо нафарро боздошт кард


Мақомоти Канада мегӯянд, бештар аз 400 нафар барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозии хушунатомез бар зидди мулоқоти раҳбарони 20 кишвари пешрафта боздошт шудаанд. Тазоҳуроти эътирозии рӯзи шанбе хеле сулҳомез шурӯъ шуд, вале ба зудӣ ба беназмӣ табдил ёфт. Беназмӣ замоне оғоз ёфт, ки як гурӯҳи "анархистҳо" аз гурӯҳи аслии тазоҳурот ҷудо шуд ва ба шикастани тирезаҳои мағозаҳо шурӯъ кард. Ин гурӯҳ бонкҳову қаҳвахонаҳо ва мағозаҳои хурдро низ ҳадаф қарор дода буд. Беназмӣ тақрибан то бомдоди рӯзи дигар давом кард.
XS
SM
MD
LG