Пайвандҳои дастрасӣ

Райпурсии Қирғизистон баргузоршуда эълон шуд


Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Қирғизистон эълон кард, ки то соати 18-и вақти маҳаллӣ дар райпурсӣ барои Қонуни Асосии нави ин кишвар беш аз 55 дарсади райдиҳандагон ширкат кардаанд. Ин райдиҳӣ имрӯз зери тадобири шадиди амниятӣ анҷом гирифт. Роза Отунбоева-раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар шаҳри Ӯш рай дод. Вай ҳангоми андохтани баргаи рай ба сандуқ изҳор дошт, ки мардум бо райи худ собит хоҳанд сохт, ки онҳо хостори сулҳу оромӣ мебошанд.

"Мо мардум мехоҳем аз ҳамаи ин зарбаҳое, ки вақтҳои ахир гирифтаем, муолиҷа шавем. Мардум ба мо бовар доранд ва мо ҳар кори имкондоштаро анҷом медиҳем, то умедҳои мардуми нармдилу бузурги худро бароварда созем"

Мақомоти ҳукумати муваққатӣ дирӯз дар остонаи рӯзи райдиҳӣ қуюди шабгардиро дар шаҳри Ӯш лағв карданд. Ин шаҳр маркази оғози нооромиҳои ахир дар кишвар буд ва дар ин нооромиҳо дастикам 275 нафар кушта шуд. Пешнависи Қонуни Асосии нав салоҳияти раиси ҷумҳурро дар Қирғизистон маҳдуд мекунад. Вале баръакс салоҳияти порламон афзоиш меёбад. Дар сурати тасвиби ин қонун чунин низом дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал дар Қирғизистон ҷорӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG