Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Тоҷикистон аз интихоби мардуми Қирғизистон


Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, кишвараш аз интихоби мардуми Қирғизистон дар тайини низоми сиёсӣ ва қабули Қонуни асосӣ истиқбол мекунад ва бо ҳар ҳукумате, ки дар ин кишвар интихоб мешавад, ҳамкорӣ хоҳад кард.

Оқои Назрӣ афзуд, Қирғизистон кишвари дӯст ва шарики Тоҷикистон мебошад ва Тоҷикистон хостори хатми ҳарчи сареътари мушкилот дар ин кишвари ҳамҷавор ва ба маҷрои қонунӣ бар гаштани ҷараёнҳои он мебошад.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, тайини низоми сиёсӣ ва интихоби ҳукумат кори дохилӣ ва ҳаққи мардуми Қирғизистон аст ва Тоҷикистон ба унвони кишвари дӯст ба ҳар интихобе, ки мардуми қирғиз дошта бошанд, арҷ мегузорад.

Қирғизистон ҷумҳурии порлумонӣ шуд


Раҳбари муваққати Қирғизистон гуфт, интихобкунандагон қонуни асосии нави ин кишварро тасдиқ кардаанд. Роза Отунбоева пас аз поёни раъйдиҳӣ гуфт, мардум тасмим гирифт, кишварро аз яккараҳбарии худкома раҳо кунад.

Ӯ ҳамзамон аз нозирони хориҷӣ ва дохилӣ ва ҳамае онҳое, ки барои баргузории раъйпурсӣ мусоидат кардаанд, изҳори сипос кард.
Хонум Отунбоева гуфт, ки Қирғизистон дар зудтарин фурст таърихи баргузории интихоботи порлумониро эълон мекунад ва то поизи имсол як кишвари комилан қонунманд хоҳад шуд.

Натиҷаҳои ибтидоии назархоҳии умумӣ дар ними ҳавзаҳо нишон додаанд, ки наздик ба 90 дарсади раъйдодагон аз тарҳи нави қонуни асосӣ ҳимоят кардаанд. Гуфта мешавад, қариб 70 дарсади соҳибони ҳаққи раъй дар назархоҳӣ ширкат кардаанд. Барои ширкат дар ҳамапурсӣ, ки тарҳи Қонуни асосии навро дар меҳвари он қарор дошт, 2 миллиону 735 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар сабти ном шуданд.

Ба гуфтаи Оқилбек Сариев, раиси Комиссияи интихобот ва баргузории референдум, ду ҳазору 280 ҳавзаи интихоботӣ дар ихтиёри раъйдиҳандагон қарор гирифт. Ӯ гуфт, натиҷаҳои ин раъйпурсӣ интизороти ҳукумати муваққатро бароварда сохт.

Ба манзури таъмини суботу оромӣ дар ҷараёни референдум тамоми чораҳои амниятиро пиёда карда шуданд. Тибқи хабарҳо 75 ҳазор паноҳанда аз марзи Узбакистон ба Қирғизистон бозгаштаанд, то ки дар маъракаи раъйдиҳй ширкат кунанд.


Отунбаева: Референдум наҷоти Қирғизистон аст

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури давраи гузариш ва раиси ҳукумати муваққати Қиргизистон рӯзи якшанбе ба Ӯш сафар кард ва дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии ин шаҳр раъй дод. Ба гуфтаи Роза Отунбоева, кишвараш дар вартаи нестӣ қарор дорад ва маҳз натиҷаҳои мусбати ин назархоҳӣ собит хоҳад кард, ки мардум ва кишвар боҳаманд ва Қирғизистон аз вартаи нестӣ ҳатман наҷот хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи раиси ҳукумати муваққати Қиризистон ҳамапурсӣ кишварашро ба фазои ҳуқуқӣ ворид хоҳад кард. Ӯ илова намуд, ки мардум маҳз ба хотири барқарории назму субот ва ҳамраъйӣ бо ҳукумати муваққат ба пояи қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир мешаванд. Дар ин навори видео хоҳед дид, ки қитъаи раъйдиҳӣ дар як бинои нимсӯхтаи шаҳри Уш воқеъ аст ва пиру ҷавон ба ин ҷо меоянд, то дар назарсанҷӣ ширкат кунанд.



Ба гуфтаи Алмосбек Атамбоев, муовини раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон ҳодисаҳои ҷануби ин кишвар собит намуд, ки гиреҳи муаммоҳои зиёд нокушода аст.

Ноиби аввали раиси ҳукумати муваққат гуфт, дар зудтарин фурсат аъзои ҳамаи хонаводаҳо, ки ҷову манзилашонро аз даст додаанд, бо манзил таъмин хоҳанд шуд.

Ба таъкиди оқои Атамбоев ба рағми бадхоҳон ва душманон ҳукумати муваққат шаҳри Ӯшро ба яке аз шаҳрҳои ободтарини кишвараш табдил хоҳад дод.

Баъди боздид аз чанд ҳавзаи раъйдиҳй дар пойтахти Қирғизистон, маълум шуд, ки аксарияти сокинони ин шаҳр ба референдум бетафовут нестанд.

Онҳо иброз медоштанд, ки ба тарафдории тарҳи нави Қонуни асосӣ ва барқарории амну субот дар кишварашон раъйи худро доданд.

Раъйпурсӣ ба барқарории субот мусоидат мекунад?

Аммо ба ақидаи баъзе сокинони ин шаҳр натиҷаҳои референдум авзоъ дар Қирғизистонро беҳбуд нахоҳад бахшид.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо вай аз ширкат дар маъракаи раъйдиҳӣ даст кашид, зеро эътимод надорад, ки референдум дар беубуди вазъ ва пешрафти кишвараш ягон нақше бозида метавонад ё на. Як сокини ӯзбектабори вилояти Ӯш, ки худро Матлуба муаррифӣ кард, гуфт, ки шумори зиёд узбактаборони шаҳр дар референдум ширкат карданд.

Ба гуфтаи Матлуба мардум аз ин низоъҳо ба танг омадааст ва умедвор аст, ки баъди баргузории референдум авзоъ ба эътидол омада ва бозсозии шаҳри Ӯш шурӯъ хоҳад шуд.

Агар раъйпурсӣ шикаст хурад чӣ хоҳад шуд?

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати дигари мо, ки дар шаҳри Ҷалолобод ба сар мебарад, агар ин референдум барои ҳукумати муваққат натиҷаҳои мусбат ба бор наорад, тарафдорони президенти барканоршуда дубора авзоъро дар ҷануби Қирғизистон ба ташаннуҷ мувоҷеҳ хоҳанд кард.

Мавсуф мегӯяд, ҳаргиз тарафдори дубора барқарор шудани низоми Боқиев нест ва аъмоли харобкоронае, ки хонаводаи Боқиев ба сари мардуми кишвараш овард, ба чанд даҳсола Қирғизистонро ақиб кашид.

Раванди назарпурсӣ дар Қирғизистонро 189 нозири байналмилалй ва садҳо нозирони дохилӣ назорат карданд. Аммо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо 300 нозири худро аз Бишкек пас хонд.

Ба гуфтаи як корманди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Бишкек авзоъ дар Қирғизистон ба ташаннуҷ рӯбарӯст ва онҳо аз ба хатар мувоҷеҳ кардани амнияти нозиронашон худдорӣ варзиданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари қирғиз, ки ба гуфтаи коршиносон ҳамеша раванди интихоботҳо ва референдумҳоро интиқод мекарданд, ин бор эътимод ҳосил кардаанд, ки мардуми Қирғизистон барои нахустин бор дар ҳамапурсӣ ширкати фаъолона дошт. Ба гуфтаи дидбонҳои ҳуқуқи башари қирғиз баъзе қонуншиканиҳои хурду реза ба натиҷаҳои ин референдум таъсири манфӣ ворид нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG