Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷашни Ваҳдат дар Тоҷикистон идома дорад


Имрӯз дар Тоҷикистон 13-ӯмин солгарди Рӯзи Ваҳдатро ҷашн мегиранд. Соли ҷорӣ маркази аслии маросимҳои ҷашни ваҳдат ба Хоруғ кӯчидааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросимҳо ширкат ва суханронӣ мекунад. Баъд аз хатми суханронии раиси ҷумҳур бо ширкати овозхонони саршиноси Тоҷикистон барномаи ҳунурӣ иҷро мешавад. Ду соли пеш баъд аз эътирози фармондеҳони Иттиҳоди мухолифони пешин аз ҷабҳаи Бадахшон раиси ҷумҳури Тоҷикистон эълон кард, ки 13-ӯмин солгарди ҷашни Ваҳдат дар маркази Бадахшон баргузор хоҳад шуд. Аз он замон то ҳол дар Хоруғ ва баъзе аз ноҳияҳои ин вилоят муассисаҳои фарҳангӣ ва муассисаҳои хурди тиҷоратӣ сохта шуд. Тафсилот дар бораи ҷашни Рӯзи Ваҳҳдат аз Бадахшон дар барномаҳои баъдии мо ба шумо пешкаш мешавад. Дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе низ ба муносибати ин ҷашн тадобири фарҳангиву ҳунарӣ анҷом мегирад.
XS
SM
MD
LG