Пайвандҳои дастрасӣ

Июн-моҳи фоҷеаомез барои нируҳои хориҷӣ дар Афғонистон


Нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, дар яке аз бамгузориҳо, ки сабки он маъмулан хоси Толибон аст, 5 сарбози нируҳои хориҷӣ кушта шудаанд. Нируҳои Байналмиллалии Кӯмаки Амниятӣ дар Афғонистон гуфтаанд, ин сарбозон дар чаҳор ҳамлаи ҷудогона дар натиҷаи инфиҷори бамҳои худсохт ба қатл расидаанд. Ҳамлаҳо дар ҷануб ва дар шарқи Афғонистон сурат гирифтааст Бо куштори ин сарбозон шумораи низомиёни кушташудаи хориҷӣ дар ин моҳ ба 89 нафар расид. Аз соли 2001, аз замони оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон то ҳол моҳи июни соли ҷорӣ бо ин шумораи кушташудагон фоҷеабортарин моҳ будааст.
XS
SM
MD
LG