Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоиста Муллоҷонова дар Нию Йорк даргузашт


Шоми дирӯз Шоиста Муллоҷонова-ҳунарманди саршинос ва пуровозаи Тоҷикистон баъд аз беморӣ дар шаҳри Нию Йорки Амрико дар синни 85 солагӣ даргузашт. Шоиста Муллоҷонова дар соли 1925 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад ва дар охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба Амрико муҳоҷират кард. То муҳоҷират ба Амрико дар Душанбе мезист. Вай то охири умр ҳамеша дар сӯҳбатҳояш орзӯи боздид аз Тоҷикистонро дошт. Бо садои камназираш қалби ҳаводоронашро тасхир карда буд ва бо вуҷуди пиронсолӣ бо ҳамон садо овоз мехонд. Имрӯз Шоиста Муллоҷонова дар Нию Йорк ба хок супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG