Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Рӯзи ваҳдатро ҷашн мегирад


Таҷлили расмии ҷашни 13 -умин солгарди Сулҳи Тоҷикистон ва Рӯзи ваҳдат имсол дар вилояти Бадахшон бо ширкати мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, баргузор шуд.

Интизор меравад, ҷашнвора шоми имрӯз бо суханронии президент Раҳмон шурӯъ шавад. Тибқи барномаи идона, намоиши театрикунонидашуда дар майдони марказии шаҳри Хоруғ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар Ҷурабек Муродов , Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Душанбе Паллаев ва дигарон сурат мегирад.

Субҳи имрӯз президент дар маросими ба истифода додани биноҳои нави раёсати корҳои дохилии ва додситонии вилояти Бадахшон ширкат намуд. Вай ҳамчунин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Бадахшон, ки дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Хоруғ ифтитоҳ шудааст, дидан кард.

Хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақа мегӯяд, дар ин лаҳзаҳо анбӯҳи мардум ба кӯчаи марказии Хоруғ рехтаанд ва бо сайругашти дастҷамъӣ алоқаи худро ба Рӯзи ваҳдат ва сулҳ нишон медиҳанд.

Имрӯз дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ба муносибати солгарди Рӯзи ваҳдат маъракаву намоишҳои идона баргузор мешавад.

Дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи ваҳдати миллӣ барномаи вижаи идона роҳандозӣ нашудааст. Вале иддае аз мардум дар боғу фароғатгоҳҳои пойтахт ҷамъ омадаанд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни ҳукумат ва нерӯҳои собиқ мухолифин 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба ҷанги хунини харобиовари беш аз 5-сола дар Тоҷикистон хотима дод.

Бархе аз сарчашмаҳо мегуянд, ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ҷони бештар аз 50 ҳазор нафарро гирифт ва иқтисоди кишварро даҳсолаҳо ба ақиб андохт.
XS
SM
MD
LG