Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сарбози хориҷиро дар Афғонистон куштанд


Паймони низомии НАТО, мегӯяд, рӯзи шанбе се сарбозаш дар бомбгузориҳои хос ба гурӯҳи Толибон дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд. Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон гуфт, сарбозон бар асари инфиҷори бомби худсохт ба ҳалокат расиданд, вале ҳуввияти сарбозонро ошкор накард. Сар аз моҳи июн то кунун дар Афғонистон 87 сарбози хориҷӣ кушта шудааст, талафоти моҳонае, ки нерӯҳои хориҷӣ аз соли 2001 то кунун дар Афғонистон надоштаанд.
XS
SM
MD
LG