Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози швейтсариҳо аз муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон


Гурӯҳе аз донишҷӯён ва аспирантҳои Швейтсария рӯзи ҷумъа дар шаҳри Женева дар баробари муассисаҳои Созмони Милал тазоҳуроти начандон бузурге баргузор карданд ва аз Ӯзбакистон хостанд то ба муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон хотима диҳад.

Бенедикт Трунигер, аз баргузоркунандагони тазоҳурот ва донишҷӯи швейтсарӣ, доир ба ҳадафи тазоҳурот ва талабҳояшон гуфт:

“Талаби аслии мо ин аст, ки Ӯзбакистон ба муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон хотима диҳад, ки ин мухолифи қонунҳои байналмилалӣ аст. Мо барои он дар назди муассисаҳои Созмони Милал дар Женева тазоҳурот баргузор кардем, ки на ҳама доир ба минтақае, ки Тоҷикистону Ӯзбакистон ҷойгир шудаанд, иттилоъ доранд. Мо барои он шоми ҷумъаро барои тазоҳурот интихоб кардем, ки тамоми кормандони Созмони Милал дар ҳамин соат муассисаҳои Созмони Милалро тарк мекунанд ва аз ин ҳамин роҳ мегузаранд. Ва дар ҳамин ҷо мо паёми худро мехонем, ки паёми содда аст. Яъне мо аз Созмони Милали Муттаҳид мехоҳем, ки ба Ӯзбакистон фишор биёрад, то муҳосираи иқтисодии Тоҷикистонро бас кунад ва ба қонунҳои байналмилалӣ эҳтиром гузорад. “

Суол: -Шумо дар онҷо шиору навиштаҷотҳое ҳам доред?

Бенедикт Трунигер: -Бале. Мо навиштаҷотҳое дорем, ки дар он мушкилоти мавҷуд миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон шарҳ дода шудааст. Он гуна ки ман гуфтам, дар бораи ин мушкил дар инҷо огаҳии зиёд надорад ва бисёр муҳим аст, то дар ин ҷо аз қазия бохабар шаванд, ки чӣ дар онҷо идома дорад ва чӣ кори нодурусте сурат мегирад.

Суол: -Ба ғайр аз шумо дар онҷо донишҷӯёни тоҷик ҳам ҳастанд?

Бенедикт Трунигер: -На, нестанд. Мо инҷо як гурӯҳи донишҷӯёни Швейтсария ва аспирантҳое ҳастем, ки умури Созмони Милалро меомӯзанд. То онҷо ки ман иттилоъ дорам, дар инҷо донишҷӯёни тоҷик ниҳоят кам ҳастанд ва ин тазоҳурот бо ташаббуси Тоҷикистон нест. Ин ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки умури Созмони Милалро пайгирӣ мекунанд.

Суол: -Онҳо чӣ гуна шиор медиҳанд?

Бенедикт Трунигер: -Онҳо мегӯянд, ки Ӯзбакистон бар хилофи қонун амал мекунад.

Дар шиорҳое, ки тазоҳургарон дар даст доранд, аз ҷумла чунин навишта шудааст: “Ӯзбакистон терори иқтисодиро бас кунад”, “Ба Тоҷикистон дар амри раъфи муҳосираи иқтисодӣ кӯмак кунед”, “Ӯзбакистон меъёрҳои байналмилалии транзитро риоя намо”, “Ӯзбакистон ҷинояти иқтисодиро бас кун”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Ӯзбакистон то кунун намегузорад, то садҳо қатори пурбор, ба кишвар ворид шавад. Ӯзбакистон мегӯяд, зарфияти маҳдуди роҳи оҳанаш намегузорад, то қаторҳои Тоҷикистонро саривақт ба кишвар роҳ диҳад, аммо ба гуфтаи мақомотии расмии Тоҷикистон, ин аз баҳонае беш нест ва Ӯзбакистон аз ин роҳ мехоҳад барои монеъ шудан ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон фишор биёрад.

Нерӯгоҳи Роғун, дар сурати бунёд, Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин хоҳад кард ва Ӯзбакистон метарсад, ки дар сурати бунёди обанбори Роғун барои киштзорҳои васеъи пунбааш оби кофӣ нахоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG