Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Колбадшикофии қурбониёни низоъ дар Қирғизистон


Муфаттишони Қирғизистон ба колбадшикофии қурбониёни низоъи хунини қавмӣ дар ҷануби ин кишвар шурӯъ кардаанд. Бақит Алинбоев, муовини вазири умури дохила дар давлати муваққат гуфт, берун кардани ҷасадҳо барои колбадшикофӣ барои таҳқиқи комил ва пардохти ҷуброн ба осебдидагон ниҳоят муҳим аст. Ҳуввияти бисёре аз қурбониёни низоъи миёни қирғизу ӯзбакҳо ҳанӯз ташхис нашудааст, зеро онҳоро дар муддати кӯтоҳе дафн кардаанд. Ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, умедвор аст, Қирғизистон, “як раъйпурсии одилонаву шаффоф” баргузор хоҳад кард. Мардуми Қирғизистон рӯзи якшанбе барои ислоҳи Қонуни Асосӣ раъй хоҳанд дод, ки давлати муваққат онро ҳаётӣ хондааст. Дар низоъҳои хунини аввали моҳи июн дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолодо 250 нафар кушта шуда ва даҳҳо ҳазор тани дигар бехонумон шуданд.
XS
SM
MD
LG