Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Ҷи 8 имрӯз дар Канада идома мекунад


Ҳамоиши раҳбарони ҳашт кишвари санъатии пешрафтаи ҷаҳон, мавсум ба Гурӯҳи Ҷи 8 имрӯз дар осоишгоҳе дар наздикии шаҳри Торонтои Канада идома мекунад. Дар ҷаласаи имрӯзи онҳо, барномаҳои атомии Эрону Куриёи Шимолӣ ва масъалаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва дигар масоили амнияти байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Рӯзи ҷумъа сарони Ҷи-8 доир ба вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ баҳс ва тавофуқ карданд, то барномаҳои кӯмакӣ ҷиҳати рушди иқтисод идома ёбад. Шоми ҳамин рӯз, сарони Гурӯҳи Ҷи 8 ба раҳбарони Гурӯҳи 20 кишварҳои бузурги дар ҳоли рушди ҷаҳон мепайванданд, ки дар ин гурӯҳ Чину Бразилия ва Ҳинд низ шомиланд. Ин нишаст дар шаҳри Торонто баргузор мешавад ва масъалаи аслии онҳо сарнавишти иқтисоди ҷаҳонист.
XS
SM
MD
LG