Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати дипломатҳои тоҷику рус дар Душанбе


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндагони вазорати умури хориҷаи Русия, масъалаи инъикоси таҳаввулоти Тоҷикистон дар матбуоти он кишварро баррасӣ кардааст. Дар иттилоъияи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон омадааст, ки дар нишасти машваратии ду тараф, масоили ҳамкорӣ дар бахши пахшу нашри иттилоъот баррасӣ шудааст. Намояндаи Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки дар нишаст табодули назар дар мавриди масоиле, ки ба муносиботи Тоҷикистону Русия таъсири манфӣ мегузоранд, сурат мегирад. Давлати Тоҷикистон борҳо дар мавриди инъикоси манфии таҳаввулот ва гузоришҳои тавҳиномез дар бораи Тоҷикистон дар расонаҳои Русия ибрози нигаронӣ кардааст. Гузоришҳои интиқодӣ дар қиболи сиёсатгузориҳои Русия дар матбуоти Тоҷикистон низ зуд-зуд ба чашм мерасанд.
XS
SM
MD
LG