Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди RSF аз мақомоти додгоҳии Эрон


Созмони Гузоришгарони бидуни марз, муҳокимаи додгоҳии яке аз блогнависони баҳсбарангези Эронро интиқод кард. Ҳуссейни Дурахшон, ки бо номи падархондаи веблогнависии форсӣ маъруф аст, аз соли 2008 дар зиндон аст, дар вусъат гирифтани блогнависӣ дар Эрон мусоидат кардааст. Ризо Муинӣ, сухангӯи Гузоришгарони бидуни марз ба Радиои Фардо гуфт, агарчӣ Ҳуссейни Дурахшон ба “ҷосусӣ” ва “иқдом алайҳи амнияти миллӣ” муттаҳам мешавад, аммо табиати аслии иттиҳомот алайҳи ӯ маълум нест. Ба гуфтаи Ризо Муинӣ, Ҳусейни Дурахшон тайи ду соли ахир бо ҳарчизе ки дар веблогҳо навишта ва дар матбуот гуфтааст, амалан хатареро муттаваҷеҳи Ҷумҳурии Исломӣ накардааст.
XS
SM
MD
LG