Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҳомиёни ҳуқуқи маъюбон дар Озарбойҷон


Панҷ ҷавони озариро, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба сарнавишти риққатбори маъбон дар як маҳалли пурравуои шаҳри Боку тазоҳурот доштанд, пулис боздошт кардааст. Ин ҷавонон, аробаи маъюбиеро дар кӯча гузошта ва аз раҳгузарон даъват мекарданд, ки гузаштан аз роҳ, вуруд ба метро ё биноеро таҷриба кунанд. Онҳо ҳамчунин барои навиштани муроҷиатномае имзо ҷамъ мекардаанд. Корманди пулис баъди боздошти кӯтоҳмуддат, шиорҳо ароба ва муроҷиатномаи ҳомиёни ҳуқуқи маъюбонро мусодира карда ва худи онҳоро баъди як соат раҳо намудаанд. Дар Озарбойҷон бо вуҷуди қабули қонунҳо дар мавриди фароҳам кардани шароит барои маъюбон, дар амал чизе барои осонтар кардани зиндагии онҳо дар берун вуҷуд надоштааст.
XS
SM
MD
LG