Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико хоҳони раъйпурсии одилона дар Қирғизистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, умедвор аст, Қирғизистон, “як раъйпурсии одилонаву шаффоф” баргузор хоҳад кард. Мардуми Қирғизистон рӯзи якшанбе барои ислоҳи Қонуни Асосӣ раъй хоҳанд дод, ки давлати муваққат онро ҳаётӣ хондааст. Қирғизистон чанде пеш низоъи хунини қавми миёни қирғизу ӯзбакҳоро аз сар гузаронд, ки дар натиҷаи он 250 нафар кушта шуданд ва даҳҳо ҳазор ӯзбак низ ба Ӯзбакистон гурехтанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи шанбе ҳушдор дод, ки тасмими ҳукумат барои баргузор кардани раъйпурсӣ метавонад, дигарбора байни қирғизу ӯзбакҳо низоъ барангезад.
XS
SM
MD
LG