Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон герузаҳои узбакро бозпас ба Қирғизистон ронд


Бино ба хабарҳои расида аз Узбакистон, мақомоти ин кишвар даҳҳо ҳазор гурезаи узбактабори ҷануби Қирғизистонро, ки дар пайи даргириҳои ахир сарҳадро убур карданд, иҷборан бозпас рондааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Фарғона.ру, Узбакистон дар посух ба дархости ҳукумати муваққати Қирғизистон тамоми беш аз 100 ҳазор паноҳандаи узбакро аз вилоятҳои Фарғона ва Андиҷон давоми се рӯзи ахир берун кардааст. Ҳоло дар қаламрави Узбакистон танҳо афроди маҷруҳ ва бемор боқӣ мондаанд.

Раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Ҷалолободи Қирғизистон Муҳаммадқодир Қарабоев гуфтааст, мақомоти Тошканд як бахши аъзами гурезаҳоро, ки дар ватан бесарпаноҳ монда ба манзилҳои пайвандонашон дар Узбакистон паноҳ бурдаанд, бо баҳонаи интиқол додан ба хаймагоҳи нави гурезаҳо гирд овардаанд ва аз марзи ин кишвар берун андохтаанд.

Хатари даргириҳои нав

Бозгашти паноҳандагони узбактабор дар ҳолест, ки соҳибназарон мегӯянд, танишҳо дар ҷануби Қирғизистон, маҳалли низоъҳои хунини қавмӣ ҳамчунон зиёд аст ва имкони даргириҳои нави қавмӣ миёни узбакҳо ва қирғизҳо вуҷуд дорад.

Ахиран Оскар Фернандез-Таранко, дастёри Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал, дар як ҷаласаи паси дарҳои баста дар Шӯрои амният гуфтааст, агарчӣ вазъ дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод ором шудааст, аммо нигаронӣ аз бархостани хушунатҳои нав вуҷуд дорад.

Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал, дар ин ҳамоиш гуфтааст, бӯҳрони Қирғизистон кори дохилии ин кишвар аст ва давлати Қирғизистон бояд чораи онро ёбад.

Омодагӣ ба референдум

Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар минтақа мегӯянд, ҳадафи бопас фиристода шудани паноҳандагон таъмини ширкати узбактаборон дар референдуми Сарқонуни нави Қирғизистон аст, ки фардо, рӯзи 27-уми июн, баргузор мешавад.

Дар робита ба назарпурсии миллӣ имрӯз ҳукумати муваққатӣ вазъи изтирорӣ дар дар ҷануби Қирғизистонро лағв кардааст.

Дирӯз раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки дар раъйпурсии тарҳи нави Қонуни асосии кишвар ширкат кунанд. Вай гуфт, "мо хуб дарк мекунем, ки раъйпурсӣ дар давраи душвор ва хушунатбор баргузор мешавад. Нерӯҳои тахрибкор хостори тағйироти воқеъӣ нестанд, онҳо талош карданд, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро фурӯзон кунанд. Нерӯҳои алоҳида имрӯз ҳам кӯшиш мекунанд, ки раъйпурсиро ноком созанд, то ки зери дигар номҳо дубора сари қудрат биёянд ва ғорати мардумро идома диҳанд".

Роза Отунбоева ваъда дод, ки барои эътидоли ҳарчӣ зудтари вазъ дар ҷануби кишвар аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG