Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Николай Бордюжа ба Қирғизистон


Николай Бордюжа, дабири кулли созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, рӯзи ҷумъа гуфт, раҳбарони кишварҳои узв дар мавриди ироаи кӯмакҳои мушаххаси низомӣ ба Қирғизистон тасмим хоҳанд гирифт: "Мо бовар дорем, ки Қирғизистон, имконоти кофӣ аз назари кадрҳо дорад, ки мустақилона дар қаламраваш амал кунад. Ниҳодҳои интизомӣ ба кӯмак эҳтиёҷ доранд ва ин кӯмак расонда хоҳад шуд. Ҳамаи раиси ҷумҳурони кишварҳои узв гуфтаанд, ҳар кӯмаки аз дасташон меомадаро ба нерӯҳои интизомии Қирғизистон хоҳанд расонд." Ба гуфтаи Алик Оразов, дабири кулли Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон ба ин кишвар аз ҷумла Русияву Қазоқистон чархбол ваъда кардаанд ва кишварҳои дигари узв, мошинҳои зиреҳпӯш. Созмони Паймони низомии амнияти дастаҷамъӣ иборат, аз Тоҷикистону Қирғизистон, Русияву Ӯзбакистон ва Арманистону Белорус ҳоло қасд надоштааст, барои таъмини амният, дар ҷануби Қирғизистон, ки шоҳиди низоъҳои хунини қавмӣ шуд, нерӯҳои посдори сулҳ бифристад.Дар муноқишаҳои қавмии қирғизу ӯзбакҳо дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод бештар аз 250 нафар кушта шуданд. Сарбозон ба хотири таъмини амният дар рӯзи раъйпурсии 27 июн ду рӯз пештар раъй доданд.
XS
SM
MD
LG