Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар Тоҷикистон маркази тамрини низомӣ месозад


Давлати Амрико мегӯяд, барои тамрини нерӯҳои Тоҷикистон дар ин кишвар як маркази омӯзишӣ бунёд хоҳад кард. Кеннет Гросс, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, гуфт, барои бунёди марказ 10 миллион доллар ихтисос дода шудааст ва он дар тобеъияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, сарбозони амрикоӣ дар ин маркази омӯзишӣ мустақар намешаванд, вале метавонанд, барои тамрини нерӯҳои маҳаллӣ ба онҷо биёянд. Қарор аст, ин марказ то соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG