Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, вакили порлумон ва вориси сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифони пешин ва муаллифи яке аз ду имзои Созишномаи сулҳи Тоҷикистон аз ширкат дар таҷлили 13 -умин солгарди имзои ин санад худдорӣ кард. Ва барои аввалин бор ин Рӯз бе ширкати яке аз ду ҷониби суҳкунанда таҷлил мешавад.

Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор аст, рӯзи 27 -уми июн дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти мухтори Бадахшон доир шавад.

На танҳо намояндагони ҲНИТ, ки нерӯи аслии сулҳкунанда бо ҳукумат буданд, дар ин ҷашн ширкат нахоҳанд дошт, балки барои аввалин бор аъзои Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон низ ба ин ҷашн даъват нашуданд.

КОМ, ки аз намояндагони мухолифин ва давлат иборат буд, зарфи се соли фаъолияти худ нуктаҳои асосии Созишномаи сулҳро амалӣ кард.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифон, ки дар соли 1997 ба Созишномаи умумии сулҳ имзо гузошт, раиси КОМ Тоҷикистон буд ва дар бозовардани субот нақши муҳим ифо кард ва дар ҳамаи солрузҳои Ваҳдат то дами маргаш ширкат кард. Агарчанд дар соли 2006 -ум, дар ҷашни Ваҳдат барои аввалин бор дар паҳлуи ҷониби дигари сулҳкунанда дар ин рӯз дар Ғарм ҷой наёфт. Ӯ борҳо давлатро ба аҳдшиканӣ дар қиболи Созишномаи сулҳ танқид кард.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, муовини раҳбари мухолифини пешин, муовини собиқи сарвазир ва раҳбари музокироти сулҳ аз сӯи мухолифин низ ба ҷашни саросарии Рӯзи ваҳдат даъват нашудааст.

"Коммунистон низ дар Ваҳдат ширкат намекунанд"

Дар ин миён, Шодӣ Шабдолов, вакили порлуон ва раиси ҲКТ, ки ба ҷашн ба унвони вакил даъват шуда буд, гуфтааст, бо нишони эътироз аз ширкат дар он худдорӣ мекунад.

Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, ки барои таҷлили ҷашни Ваҳдат ба Хоруғ рафтааст.
Барчидани пайкараи Владимр Ленин, доҳии пролетарҳо боиси озори хотири коммунистҳо ва раҳбари онҳо шудааст, ки нахостанд дар ҷашни Ваҳдат ширкат кунанд.

«Заъфи аҳзоби мухолиф»

Мародусейн Худоиев, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Бадахшон аҳзоби мухолифро муттаҳам мекунад, ки заъфи фаъолияташон ба нақши камранги онҳо дар фазои сиёсӣ сабаб шудааст ва барои дар канор мондани намояндагони собиқ мухолифин аз ҷашни Ваҳдат мақомотро гунаҳкор намеҳисобад.

Вале Шерик Карамхудоев, муовини раиси ҲИНТ дар Бадахшон мегӯяд, мақсаду мароми мухолифин аз аввал сулҳ буд ва имрӯз агарчанде мақомот нақши онҳоро нодида мегирад ва бештари мардум ҳам ба тақдирашон то андозае бетафовут менигарад, онҳо хушнуд ҳастанд, ки сулҳ ва осоиштагӣ дар кишвар барқарор гардид.

"Маълум нест, ки инҳо бо кӣ сулҳ кардаанд"

Давлатсултон Амрихудоева, як зани бознишасти сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, ба гӯшаи фаромӯши афтодан на фақат тақдири собиқ мухолифин будааст. Балки бисер занони фаъол, ки бо ташвиқи мақомот ва ба хотири сулҳу салоҳ барои халъи силоҳи собиқ мухолифин гирдиҳамҳоиҳоӣ ҳам баргузор мекарданд, имрӯз дар канор мемонанд,

Рустами Содиқиён, коршиноси тоҷик бинобар ҳузур надоштани тарафи дигари мусолиҳакунанда дар ҷашн Ваҳдати миллиӣ ин ҷашнро нокомил мешуморад. Ва аз сӯи дигар, онро нишонаи мунҳал шудани мухолифин медонад.

Ба фикри Рустами Содиқиён ба вижа дар ҳоле, ки аз аввал ҷанги тоҷикон таҳмили хонда шуд ва дар ҷашни Ваҳдат аз ҷониби дигар ёд намешавад ва ё нишонае боқӣ намондааст ва маълум нест, кӣ ва бо кӣ мусолиҳа кардааст. Беҳтар мебуд, агар Рузи Ваҳдат аз ин ба баъд бо номи Рузи миллат ёд шавад.

Поёни қумандонсолорӣ дар Бадахшон?

Дар ҷашни Ваҳдати имсола нишонае аз собиқ фармондеҳони саршиноси мухолифин, ки ҳанӯз ду сол қабл ҳаводиси пурсару садо ба номашон алоқаманд буд ҳам ба назар намерасад.

Акнун бархе аз ин афрод, бо меҳмонхонаҳо ва қаҳвахонаҳояшон, ки бо кӯмаки молии созмонҳои байналмилал ва қарзҳои бо имтиёзи бонкҳо бунёд кардаанд, дар хидмати меҳмонони ҷашн қарор доранд. Яке аз чунин афрод бо нишонаи меҳмоннавозӣ гуруҳи журналистони ҷумҳуриро ба хонааш таклиф карда, зиёфат дод.

Собиқ мухолифини саршинос дар рузҳои ҷашни Ваҳдат ҳатто аз изҳори назар тавассути расонаҳои хабари худдори меварзанд. Онҳо
Саҳнае аз таҷлили Ваҳдат дар Бадахшон
намехоҳанд, ки изҳори назарашон кӯшиши халадор гардидани субот талаққӣ шавад ва аз болояшон шикор аз нав шурӯъ шавад.

Ба гуфтаи як сокини Хоруғ, онҳо ба ифтихори ҷашн ва дарки муҳимияти Ваҳдат ба бардоштани акси яке аз собиқ фармондеҳони мухолифин Абдуламон Аёмбеков, муллақаб ба Алеша, ки то ба ҳол дар яке аз кӯчаҳои шаҳр рӯи девор зада шуда буд, ризоият доданд.

Дар ҳоле, ки чунин акс ва нимпайкараҳои бархе аз лидерони собиқ фронти халқӣ ҳанӯз дар вилояти Хатлон побарҷо ҳастанд ва роҳгузаронро нороҳат месозанд.

Рӯзи Ваҳдат арзишашро мебозад?

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар воқеъ дар рӯзи 24 -уми июн аз шаҳри Хоруғи маркази вилояти Бадхашон ва маҳалли баргузории ҷашни Ваҳдати имсол дидан кард. Аммо ба далели барномаи сафар ба кишварҳои Аврупо ва Русия, сафари худро қатъ кард ва ба Душанбе баргашт.

Коршиносон мегӯянд, ин иқдоми оқои Кабирӣ метавонад то ҷое бозгӯи нороҳатии ӯ аз бархурди мақомот бо ҷонибдорони ҳизбаш ва ё ҳам аз сиёсати ҳукумат дар баробари усулҳои оштии миллӣ бошад.

Дар интихоботи порлумонии моҳи феврал ҲНИТ таблиғоти густардаеро ба роҳ андохт. Аммо зимни натиҷагирӣ аз интихобот бештар аз ду курсиро натавонист соҳиб шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки раҳбари ҲНИТ муътақид аст, ки ҳизбаш тавонистааст, ҳудуди 3 то 40 дарсади ороро ба даст оварад. Аммо мегӯянд, масъулини ҲНИТ ин овозҳо ба нафъи ҳизби ҳоким тақаллуб шудааст.

Ба изофаи он, дар чанд ҳафтаи пеш як фаъоли ин ҳизб дар Хатлон фақат ба хотири раъй додан ба ҷои хонаводаи худаш ба зиндон маҳкум шуд.

Эътирози мадании Кабирӣ

Раҳбари ҲНИТ метавонад ин иқдомро шикастани усули оштии миллӣ ва ваҳдат унвон кунад.

Зеро ҳатто дар гузоришҳои нозирони САҲА низ дар интихоботҳо аз раъй додани як нафар ба ҷои чанд нафар таъкид мешавад. Аммо барои чунин иқдоме ҳаргиз ҳеҷ касе дар Тоҷикистон ба ҷуз ин фаъоли ҲНИТ ба ҷазои ҷиноӣ кашида нашудааст.

Ба ҳар ҳол, мухолифони собиқ мегӯянд, ки Рӯзи ваҳдат бо чунин бархурди мақомот ба оҳистагӣ арзиши аслии худро аз даст медиҳад.

Бинбар ин, ширкат накардани Кабирӣ дар ҷашни Ваҳдат дар Хоруғ метавонад навъе эътирози маданӣ ба муносибати мақомот ба Созишномаи сулҳ ва афроди сулҳкунандае бошад, ки ҳанӯз зиндаанд.

Агар чунин намебуд, ба назари таҳлилгарон, Кабирӣ ба содагӣ метавонист, сафари худ ба Аврупоро лағв кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG